Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Омад бари ман қосиди он сарви сиҳӣ,
Омад бари ман қосиди он сарви сиҳӣ, Овард биҳӣ, то набувад дасти тиҳӣ. Ман ҳам рухи худ бад-он биҳӣ молидам, Яъне зи мараз ниҳодаам рӯ ба беҳӣ.
Дунё роҳе, биҳишт манзилгоҳе,
Дунё роҳе, биҳишт манзилгоҳе, Ин ҳар ду ба назди аҳли маънӣ коҳе. Гар ошиқи содиқӣ, зи ҳар ду бигузар, То дӯст туро ба худ намояд роҳе.
Гар сайди адам шавӣ, зи худ раста шавӣ,
Гар сайди адам шавӣ, зи худ раста шавӣ, В-ар дар сифати хеш шавӣ, баста шавӣ. Медон, ки вуҷуди ту ҳиҷоби раҳи туст, Бо худ манишин, ки ҳар замон хаста шавӣ.
Аз ҳастии хеш то пушаймон нашавӣ,
Аз ҳастии хеш то пушаймон нашавӣ, Сарҳалқаи орифону мастон нашавӣ. То дар назари халқ нагардӣ кофир, Дар мазҳаби ошиқон мусулмон нашавӣ.
Дар мадраса гарчи донишандӯз шавӣ,
Дар мадраса гарчи донишандӯз шавӣ, В-аз гармии баҳс маҷлисафрӯз шавӣ. Дар мактаби ишқ бо ҳама доноӣ Саргашта чу тифлони навомӯз шавӣ.
Дар зулмати ҳайрат ар гирифтор шавӣ,
Дар зулмати ҳайрат ар гирифтор шавӣ, Хоҳӣ, ки зи хоби ҷаҳл бедор шавӣ, Дар сидқ талаб наҷот, зеро ки ба сидқ Шоистаи файзи нури анвор шавӣ.
Таҳқиқи маъонӣ зи иборот маҷӯй,
Таҳқиқи маъонӣ зи иборот маҷӯй, Бе рафъи қуюду эътиборот маҷӯй. Хоҳӣ ёбӣ зи иллати ҷаҳл шифо, Қонуни наҷот аз «Ишорот» маҷӯй.
Дар кӯи ту медиҳанд ҷоне ба ҷаве,
Дар кӯи ту медиҳанд ҷоне ба ҷаве, Ҷоне чӣ бувад, ки корвоне ба ҷаве. Аз васли ту як ҷав ба ҷаҳоне арзад, З-ин ҷинс, ки моем, ҷаҳоне ба ҷаве.
Эй дар хами чавгони ту сарҳо шуда гӯй,
Эй дар хами чавгони ту сарҳо шуда гӯй, Берун на зи фармони ту дил як сари мӯй. Зоҳир, ки ба дасти мост, шустем тамом, Ботин, ки ба дасти туст, онро ту бишӯй.
Майдони фароху марди майдоне не,
Майдони фароху марди майдоне не, Мардони ҷаҳон чунонки медонӣ, не. Дар зоҳирашон ба авлиё мемонанд, Дар ботинашон бӯи мусулмонӣ не.
Гар дар Яманӣ, чу бо манӣ, пеши манӣ,
Гар дар Яманӣ, чу бо манӣ, пеши манӣ, Гар пеши манӣ, чу бе манӣ, дар Яманӣ. Ман бе ту чунонам, эй нигори яманӣ, Худ дар ғалатам, ки ман туям, ё ту манӣ.
Боз ой, ки то сидқи ниёзам бинӣ,
Боз ой, ки то сидқи ниёзам бинӣ, Бедории шабҳои дарозам бинӣ. Не, не, ғалатам, ки худ фироқи ту, буто, Кай зинда гузорадам, ки бозам бинӣ?
Аз содагию салимию мискинӣ
Аз содагию салимию мискинӣ В-аз саркашию такаббуру худбинӣ Бар оташ агар нишониям, биншинам, Бар дида агар нишонамат, наншинӣ.
Дунёи дании пурҳавасро чӣ кунӣ,
Дунёи дании пурҳавасро чӣ кунӣ, Олудаи ҳар нокасу касро чӣ кунӣ? Он ёр талаб кун, ки туро бошаду бас, Маъшуқаи сад ҳазор касро чӣ кунӣ?
Ё раб, дари халқ такягоҳам накунӣ,
Ё раб, дари халқ такягоҳам накунӣ, Мӯҳтоҷи гадову подшоҳам накунӣ. Мӯи сияҳам сафед кардӣ ба карам, Бо мӯи сафед рӯсиёҳам накунӣ.
То тарки алоиқу авоиқ накунӣ,
То тарки алоиқу авоиқ накунӣ, Як саҷдаи шоистаи лоиқ накунӣ. Ҳаққо, ки зи доми лофу иззе нараҳӣ, То тарки худу ҷумла халоиқ накунӣ.
Хоҳӣ чу Халил Каъба бунёд кунӣ,
Хоҳӣ чу Халил Каъба бунёд кунӣ, В-онро ба намозу тоат обод кунӣ, Рӯзе ду ҳазор банда обод кунӣ, Беҳ з-он набувад, ки хотире шод кунӣ.
То чанд сухан тарошию ранда занӣ,
То чанд сухан тарошию ранда занӣ, То кай ба ҳадаф тири пароканда занӣ? Гар як варақ аз илми хамӯшӣ хонӣ, Бисёр бад-ин гуфтушунав ханда занӣ.
Гуфтӣ, ки ба вақти маҷлис афрӯхтанӣ
Гуфтӣ, ки ба вақти маҷлис афрӯхтанӣ Оё ки чӣ нуктаҳост бардӯхтанӣ? Эй бехабар аз сӯхтаву сӯхтанӣ, Ишқ омаданӣ бувад, на омӯхтанӣ.
Эй он ки давои дардмандон донӣ,
Эй он ки давои дардмандон донӣ, Рози дили зори мустамандон донӣ. Ҳоли дили хешро чӣ гӯям бо ту? Ногуфта ту худ ҳазор чандон донӣ.
Гар дар талаби гавҳари конӣ, конӣ,
Гар дар талаби гавҳари конӣ, конӣ, В-ар зинда ба бӯи васли ҷонӣ, ҷонӣ. Алқисса, ҳадиси мутлақ аз ман бишунав, Ҳар чиз, ки дар ҷустани онӣ, онӣ.
Ҳастӣ, ки аён нест равон дар шоне,
Ҳастӣ, ки аён нест равон дар шоне, Дар шони дигар ҷилва кунад ҳар оне. Ин нукта ба ҷуз «Кул явмин фӣ шаънин» Гар боядат аз каломи Ҳақ бурҳоне.
То битавонӣ, бикаш ба ҷон бори диле,
То битавонӣ, бикаш ба ҷон бори диле, Мекӯш, ки то шавӣ зи дил ёри диле. Озори диле маҷӯ, ки ногоҳ кунӣ Кори ду ҷаҳон дар сари озори диле.
Эй аз ту ба боғ ҳар гулеро ранге,
Эй аз ту ба боғ ҳар гулеро ранге, Ҳар мурғеро зи шавқи ту оҳанге. Бо кӯҳ зи андӯҳи ту рамзе гуфтам, Бархост садои нола аз ҳар санге.
Эй дил, зи шароби ҷаҳл мастӣ то кай?
Эй дил, зи шароби ҷаҳл мастӣ то кай? В-эй нестшаванда лофи ҳастӣ то кай? Гар ғарқаи баҳри ҳасрату оз наӣ, Тардоманию ҳавопарастӣ то кай?