Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: рубоӣ

Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Гул гуфт, ки ман Юсуфи Мисри чаманам

👁 31

Гул гуфт, ки ман Юсуфи Мисри чаманам, Ёқути гаронмояи пурзар даҳанам! Гуфгам: «Чу ту Юсуфӣ, нишоне бинамой!» Гуфто, ки ба хун ғарқа, нигар, пираҳанам!

Умари Хайём
Умари Хайём

Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст

👁 35

Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст, Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст. Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ақл, Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст!

Умари Хайём
Умари Хайём

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон

👁 64

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон, Бардоштаме ман ин фалакро зи миён. Аз нав фалаке чунон дигар сохтаме, К-озода ба коми дил расидӣ осон.

Умари Хайём
Умари Хайём

Лаб бар лаби кӯза бурдам

👁 35

Лаб бар лаби кӯза бурдам аз ғояти оз. То з-ӯ талабам воситаи умри дароз. Бо ман ба забони ҳол мегуфт ин роз: «Ман ҳам чу ту будаам, даме бо ман соз!»

Умари Хайём
Умари Хайём

Асрори азалро на ту дониву на ман

👁 102

Асрори азалро на ту дониву на ман, В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман. Ҳаст аз паси парда гуфтугӯйи ману ту, Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.

Умари Хайём
Умари Хайём

Сармаст ба майхона гузар кардам дӯш!

👁 40

Сармаст ба майхона гузар кардам дӯш. Пире дидам масту сабӯе бар дӯш. Гуфтам: «Зӣ Худо шарм надорӣ, эй пир?» Гуфто, ки «Карим аст Худо, бода бинӯш!»

Умари Хайём
Умари Хайём

Хуш бош!

👁 38

Хайём, агар зи бода мастӣ, хуш бош! Гар бо санаме даме нишастӣ, хуш бош! Поёни ҳама кори ҷаҳон нестӣ аст, Пиндор, ки нестӣ, чу ҳастӣ, хуш бош!

Умари Хайём
Умари Хайём

Ҳар рӯз бар онам, ки кунам шаб тавба

👁 38

Ҳар рӯз бар онам, ки кунам шаб тавба, Аз ҷому пиёлаи лаболаб тавба. Акнун, ки расид вақти гул, тавба куҷо? Дар мавсими гул зи тавба, ё раб, тавба.

Умари Хайём
Умари Хайём

Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш

👁 33

Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш, Сад бӯса зи меҳр бар ҷабин мезанадаш. В-ин кӯзагари даҳр чунин ҷоми латиф Месозаду боз бар замин мезанадаш.

Умари Хайём
Умари Хайём

Чандон бихӯрам шароб, к-ин бӯйи шароб

👁 54

Чандон бихӯрам шароб, к-ин бӯйи шароб, Ояд зи туроб, чуй шавам зери туроб. Гар бар сари хоки ман расад махмуре, Аз бӯйи шароби ман шавад масту хароб!

Умари Хайём
Умари Хайём

З-он пеш, ки ғамҳот шабохун оранд!

👁 24

З-он пеш, ки ғамҳот шабохун оранд, Фармой, ки то бодаи гулгун оранд. Ту зap найӣ, эй ғофили нодон, ки туро. Дар хок ниҳанду боз берун оранд!

Умари Хайём
Умари Хайём

Ин кӯҳнаработро, ки олам ном аст

👁 37

Ин кӯҳнаработро, ки олам ном аст, Оромгаҳи аблақи субҳу шом аст. Базмест, ки вомондаи сад Ҷамшед аст, Гӯрест, ки такягоҳи сад Баҳром аст.

Умари Хайём
Умари Хайём

Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад

👁 94

Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад, Дарёб даме, ки бо тараб мегузарад. Соқӣ, ғами фардои қиёмат чӣ хӯрӣ? Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад.

Умари Хайём
Умари Хайём

Гӯянд касон: «Биҳишт бо ҳур хуш аст»!

👁 63

Гӯянд касон: «Биҳишт бо ҳур хуш аст», Ман мегӯям, ки «Оби ангур хуш аст!» Ин нақд бигиру даст аз он нася бидор, К-овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст!

Умари Хайём
Умари Хайём

Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахӯрем

👁 133

Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахӯрем, В-ин якдама умрро ғанимат шумарем. Фардо, ки аз ин дайри куҳан даргузарем, Бо ҳафтҳазорсолагон сарбасарем.

Умари Хайём
Умари Хайём
Саҳифаи 39 аз 39