Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: рубоӣ

Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Чу рӯбоҳ дар бешаи шер бошад

👁 29

Чу рӯбоҳ дар бешаи шер бошад, Зияд эмин аз захми чанголи гургон. Зи бедоди хурдон амон ёбад он кас, Ки гирад ватан дар ҷавори бузургон.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Бо модари хеш меҳрубон бош

👁 68

Бо модари хеш меҳрубон бош, Омодаи хизматаш ба ҷон бош. Бо чашми адаб нигар падарро, Аз гуфтаи ӯ мапеч сарро.

Эраҷ Мирзо
Эраҷ Мирзо

Хирад парварад ҷони донандагон

👁 83

Хирад парварад ҷони донандагон, Хирад раҳ намояд ба хонандагон. Хирад афсари шаҳриёрон бувад, Хирад зевари номдорон бувад.

Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест

👁 176

Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест, Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест. Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард, Зинда бо фарзанд монад номи мард.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст

👁 129

Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст, Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ, арзон аст. Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид, Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 486

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 552

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй басо ҳиндуву турке ҳамзабон

👁 59

Эй басо ҳиндуву турке ҳамзабон В-эй басо ду турк чун бегонагон. Пас забони ҳамдилӣ худ дигар аст, Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест

👁 130

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест, Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест. Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Подшоҳе писар ба мактаб дод

👁 112

Подшоҳе писар ба мактаб дод, Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод. Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар: «Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар».

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

То ҳушёрам, тараб зи ман пинҳон аст

👁 27

То ҳушёрам, тараб зи ман пинҳон аст, Чун маст шудам, дар хирадам нуқсон аст. Ҳолест миёни мастиву ҳушёрӣ, Ман бандаи он, ки зиндагонӣ он аст!

Умари Хайём
Умари Хайём

Гар бода хӯрӣ, ту бо хирадмандон хӯр

👁 62

Гар бода хӯрӣ, ту бо хирадмандон хӯр, Ё бо санами тозарухи хандон хӯр! Бисёр махӯр, фош макун, вирд масоз, Кам-кам хӯру гаҳ-гаҳ хӯру пинҳон хӯр!

Умари Хайём
Умари Хайём

Ибриқи майи маро шикастӣ, Раббӣ

👁 96

Ибриқи майи маро шикастӣ, Раббӣ, Бар май дари айшро бубастӣ, Раббӣ. Бар хок бирехтӣ майи гулгунро, Хокам ба даҳан, магар ту мастӣ, Раббӣ?!

Умари Хайём
Умари Хайём

Чун даргузарам, ба бода шӯед маро

👁 35

Чун даргузарам, ба бода шӯед маро, Талкин зи шароби ноб гӯед маро. Хоҳед ба рӯзи ҳашр ёбед маро, Аз хоки дари майкада ҷӯед маро.

Умари Хайём
Умари Хайём

Мо хирқаи зуҳд бар сари хум кардем

👁 18

Мо хирқаи зуҳд бар сари хум кардем, В-аз хоки харобот таяммум кардем. Бошад, ки зи хоки майкада дарёбем. Он умр, ки дар мадрасаҳо гум кардем.

Умари Хайём
Умари Хайём

Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст

👁 27

Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст, Дарёб, ки ҳафтаи дигар хок шудаст. Май нӯшу гуле бичин, ки то дарнигарӣ, Гул хок шудасту сабза ҳам пок шудаст.

Умари Хайём
Умари Хайём

Абр омаду боз бар сари сабза гирист

👁 58

Абр омаду боз бар сари сабза гирист, Бе бодаи арғувон намебояд зист. Ин сабза, ки имруз тамошогаҳи мост, То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист?

Умари Хайём
Умари Хайём

Бархез, дило, ки чанг бар чанг занем

👁 38

Бархез, дило, ки чанг бар чанг занем, Май нӯш кунему ном бар нанг занем. Саҷҷода ба як пиёла май бифрӯшем, В-ин шишаи ному нанг бар санг занем.

Умари Хайём
Умари Хайём

Бар ишқи туам на сабр пайдост, на дил

👁 131

Бар ишқи туам на сабр пайдост, на дил, Бе рӯйи туам на ақл барҷост, на дил. Ин ғам, ки марост, кӯҳи Қоф аст, на ғам, Ин дил, ки турост, санги хорост, на дил.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод

👁 197

Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод, Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод. Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод, Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дӯстон

👁 201

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон Бартар аз дидори рӯйи дӯстон. Ҳеч талхӣ нест бар дил талхтар Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Чаҳор чиз

👁 188

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад: Тани дурусту хуи неку номи неку хирад. Ҳар он кӣ Эзадаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард, Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Мову маю маъшуқ дар ин кунҷи хароб

👁 23

Мову маю маъшуқ дар ин кунҷи хароб, Ҷону дилу ҷому ҷома дар раҳни шароб. Фориғ зи умеди раҳмату бими азоб, Озод зи хоку бод в-аз оташу об!

Умари Хайём
Умари Хайём

Сад хона зи хуноби дилам вайрон аст

👁 31

Сад хона зи хуноби дилам вайрон аст, В-аз гиряи зор бим сад чандон аст. Аз ҳар мижа новадони хун аст равон, Гар ман мижаро ба ҳам занам, туфон аст.

Умари Хайём
Умари Хайём

Гар гул набувад насиби мо, хор бас аст

👁 61

Гар гул набувад насиби мо, хор бас аст, В-ар нур ба мо намерасад, нор бас аст. Гар ҳирқаву хонақоҳу шайхӣ набувад, Ноқусу калисиёву зуннор бас аст.

Умари Хайём
Умари Хайём
Саҳифаи 35 аз 39