Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: рубоӣ

Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Аз баҳри Худой, агар туӣ сарви сарой,

👁 3

Аз баҳри Худой, агар туӣ сарви сарой, Якбора зи ман бозмагир, эй бут, пой. Дидор азиз кардӣ, эй бори Худой, Симурғ наӣ, рӯй раҳиро бинамой.

Ф
Фаррухии Сиистонӣ

Эй дӯст, маро дид ҳаме натавонӣ,

👁 2

Эй дӯст, маро дид ҳаме натавонӣ, Беҳуда чаро рӯй зи ман гардонӣ? Бе ҷурму ҷинояте, ки аз ман донӣ, Чун пирхар аз неш зи ман тарсонӣ.

Ф
Фаррухии Сиистонӣ

Эй дӯст, ба як сухан зи ман бигрезӣ,

👁 5

Эй дӯст, ба як сухан зи ман бигрезӣ, Хӯйи ту набуд ба ҳар ҳадисе тезӣ. Бад гаштӣ, аз он ки бо бадон омезӣ, Бо дег биманшин, ки сиёҳ бархезӣ.

Ф
Фаррухии Сиистонӣ

Гӯянд, ки маъшуқи ту зишт асту сиёҳ,

👁 12

Гӯянд, ки маъшуқи ту зишт асту сиёҳ, Гар зишту сиёҳ аст, маро нест гуноҳ. Ман ошиқаму дилам бар ӯ гашта табоҳ, Ошиқ набувад зи айби маъшуқ огоҳ.

Ф
Фаррухии Сиистонӣ

То дар талаби дӯст ҳамебиштобам,

👁 4

То дар талаби дӯст ҳамебиштобам, Умрам ба канор расиду ман дар хобам. Гирам, ки висоли дӯст дархоҳам ёфт, Ин умри гузаштаро куҷо дарёбам?

Ф
Фаррухии Сиистонӣ

Он рӯз чӣ буд, ки бо қазо ёр шудам,

👁 5

Он рӯз чӣ буд, ки бо қазо ёр шудам, Дидори туро ба ҷон харидор шудам. Он рӯз ба бозӣ ба сари кор шудам, То лоҷарам имрӯз гирифтор шудам.

Ф
Фаррухии Сиистонӣ

Ёре будӣ сахт ба ойину ба санг,

👁 1

Ёре будӣ сахт ба ойину ба санг, Ҳамсояи ту баҳонаҷӯю дилтанг. Ин хӯ ту аз ӯ гирифтаӣ, эй сарҳанг, Ангур зи ангур ҳамегирад ранг.

Ф
Фаррухии Сиистонӣ