Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт
Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт, Як мӯй надонист, вале мӯй шикофтафт. Андар дили ман ҳазор хуршед битофт, В-охир ба камоли заррае роҳ наёфт.
Соқӣ, қадаҳи мои маини ту куҷост?
Соқӣ, қадаҳи мои маини ту куҷост? В-он оинаи худойбини ту куҷост? Хоҳам, ки таҳорате диҳам ботинро, Он лӯлашикаста лӯлаини ту куҷост?
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст, Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст. Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт, Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.
Май душмани масту дӯст бо ҳушёр аст
Май душмани масту дӯст бо ҳушёр аст, Андак тарёку беш заҳри мор аст. Дар бисёраш мазаррати андак нест, Дар андаки ӯ манфиати бисёр аст.
Бигзар аз банди маҷозу дур гард аз доми ҳис
Бигзар аз банди маҷозу дур гард аз доми ҳис, Ҳар кӣ бо дунон нишинад, ҳиммати ӯ дун шавад. Чун бувад комил касе дар хиттаи кавну фасод, Ки надонад чун даромад,
Бар ҳар диёр, ки хашми ту корзор кунад
Бар ҳар диёр, ки хашми ту корзор кунад, Замона бар сари хунобаи ҷигар гардад. Магар, ки баҳр ба хоки дари ту наздик аст, Ки рӯзгор аз ӯ даст пургуҳар гардад.
Донӣ чӣ ҳикмат аст, ки фарзандро падар
Донӣ чӣ ҳикмат аст, ки фарзандро падар, Миннат надорад, ар диҳадаш рӯзу шаб ато. Яъне дар ин ҷаҳон, ки маҳалли ҳаводис аст, Дар меҳнати вуҷуд ту овардаӣ маро.
Ҳон, Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ
Ҳон, Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ! Бо хотири хурраму дили шод бизӣ! Вайронии худ мангару ободии даҳр, Вайронии даҳр бину обод бизӣ!
Кас фиристод ба сир-андар Айёр маро
Кас фиристод ба сир-андар Айёр маро, Ки макун ёд ба шеър-андар бисёр маро. В-ин фажаҳ пир зи баҳри ту маро хор гирифт, Бираҳонод аз ӯ Эзиди ҷаббор маро!
Ҷаҳоно, чунинӣ ту бо баччагон
Ҷаҳоно, чунинӣ ту бо баччагон, Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модандаро! На позер бояд туро, на сутун, На девори хишту на з-оҳан даро!
Пӯпак дидам ба ҳаволий Сарахс
Пӯпак дидам ба ҳаволий Сарахс, Бонгак барбурда бар абр-андаро. Чодараке дидам рангин бар ӯ, Ранг басе гуна бар он чодаро.
Шавад рӯзе биҷӯӣ ишқи покам
Шавад рӯзе биҷӯӣ ишқи покам, Бигӯӣ аз бароят ман ҳалокам. Фиғону нолаҳо созӣ бароям, Вале афсӯс: ки ман дар зери хокам.
Шабе аз сӯзи дил гуфтам қаламро
Шабе аз сӯзи дил гуфтам қаламро Биё таҳлил кун дарди диламро Қалам гуфто: Бирав бечора ошиқ Надорам тоқати ин гуна ғамро
Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад
Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад, Як бад накунад, то ба сараш сад нарасад. Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман, Ту нек набиниву ба ман бад нарасад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳарҷо, ки равӣ азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омуз, То тоҷи наберагони Одам бошӣ.
Макун ғайбат агар ақлат тамом аст
Макун ғайбат агар ақлат тамом аст, Ки гуфтори ту дар ғайбат ҳаром аст. Агар айби ту гардад бар ту зоҳир, Ба айби кас куҷо пардози охир.
Эй дил чӣ кунам Худо чунин мехоҳад
Эй дил чӣ кунам Худо чунин мехоҳад, Неъмат ҳама бар душмани дин мехоҳад. Фиръавни лаъин нишаста бар тахти зарин, Мусо зи Худо нони ҷавин мехоҳад.
Падар ранҷонад, асло наранҷед
Падар ранҷонад, асло наранҷед, Хато гӯяд, ба ҳоли ӯ нахандед! Замоне, ки ба синни ӯ расидед, Фишори зиндагӣ, акнун бисанҷед!!!
То чанд асири рангу бӯ хоҳи шуд
То чанд асири рангу бӯ хоҳӣ шуд, Чанд аз пайи ҳар зишту некӯ хоҳӣ шуд. Гар чашмаи замзамию гар оби ҳаёт, Охир ба дили хок фурӯ хоҳӣ шуд.
Не ҳарам монад на зебо хонае
Не ҳарам монад на зебо хонае, Қаср ҳам созӣ, шавад вайронае. Қасри некӣ соз байни мардумон, Номи ту монад чу дар афсонае!
То тавонӣ хеҷ гоҳ ғайбат макун
То тавонӣ хеҷ гоҳ ғайбат макун, Ғайри шайтон бар касе лаънат макун. Ҳар кӣ ғайбат мекунад, ӯ банда нест, Назди Аллоҳ лоиқи арзанда нест.
Салом, эй ахли дил, эй аҳли Меҳан
Салом, эй ахли дил, эй аҳли Меҳан, Салом афроди чун оина равшан. Салом ахли башарро созгор аст, Салом ҳарфи хуши Парвардигор аст.
Чу рӯбоҳ дар бешаи шер бошад
Чу рӯбоҳ дар бешаи шер бошад, Зияд эмин аз захми чанголи гургон. Зи бедоди хурдон амон ёбад он кас, Ки гирад ватан дар ҷавори бузургон.
Бо модари хеш меҳрубон бош
Бо модари хеш меҳрубон бош, Омодаи хизматаш ба ҷон бош. Бо чашми адаб нигар падарро, Аз гуфтаи ӯ мапеч сарро.
Хирад парварад ҷони донандагон
Хирад парварад ҷони донандагон, Хирад раҳ намояд ба хонандагон. Хирад афсари шаҳриёрон бувад, Хирад зевари номдорон бувад.
