Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дар субҳдаме азми сафар созаму рав
Дар субҳдаме азми сафар созаму рав, З-ин воқеа худро бадар андозаму рав. Дар домани абр чанг занам исовор, Ҷома ба канори модар андозаму рав.
Ҳар ҳайату ҳар нақш, ки шуд маҳв кунун
Ҳар ҳайату ҳар нақш, ки шуд маҳв кунун, Дар махзани рӯзгор гардад махзун. Чун боз ҳамин вазъ шавад вазъи фалак, Аз пардаи ғайбаш оварад ҳақ берун.
Ҳақ ҷони ҷаҳон асту ҷаҳон ҷумла бадан
Ҳақ ҷони ҷаҳон асту ҷаҳон ҷумла бадан, Аҷносу малоӣка ҳавоси ин тан. Аҷром аносиру маволид аъзо, Тавҳид ҳамин асту дигарҳо ҳама фан.
Моем ниҳуфта гиря дар ханда чу гул
Моем ниҳуфта гиря дар ханда чу гул, Мурда ба дамею аз даме зинда чу гул. Худро ба ҳама миён дарафканда чу гул, В-андар ҳама маҷмаъе пароканда чу гул.
Оташ чу фиканд бод дар хирмани гул
Оташ чу фиканд бод дар хирмани гул, Бар хок чакид оби пироҳани гул. Эй соқии май, дасти туву домани май, В-эй духтари раз, хуни ту дар гардани гул.
Ушшоқ баромаданд перомани гул
Ушшоқ баромаданд перомани гул, Якбора заданд даст дар домани гул. В-азбаски ҳамекашанд пиромани гул, Он гаҳ ба ҳазор шох шуд бар тани гул.
Эй дил, ҳама ҷоми ошиқӣ нӯш чу гул
Эй дил, ҳама ҷоми ошиқӣ нӯш чу гул, Пайваста либоси ошиқӣ пӯш чу гул. Чун шамъ забони оташин дорад ишқ, Зинҳор, мабош пунбадаргӯш чу гул.
Ку дил, ки бидонад нафасе асрораш?
Ку дил, ки бидонад нафасе асрораш? Ку гӯш, ки бишнавад даме гуфтораш? Маъшуқ ҷамол менамояд шабу рӯз, Ку дида, ки то бархурад аз дидораш?
Як-як ҳунарам бину гуноҳ даҳ-даҳ бахш
Як-як ҳунарам бину гуноҳ даҳ-даҳ бахш, Ҷурми мани хаста ҳасбатуллоҳ бахш. Аз боди фано оташи кин бармафрӯз, Манро ба сари хоки расулуллоҳ бахш.
Самъу басар асту шамму завқ асту масос
Самъу басар асту шамму завқ асту масос, Маҷмӯи ҳавоси зоҳир, эй мӯъҷизи нос. Пас муштарака, мухайяла, фикрату ваҳм, Бо ҳофиза дон ту панҷ ботин зи ҳавос.
Эй зоти ту мар вуҷудро буда асос
Эй зоти ту мар вуҷудро буда асос, Ҷуз зоти ту нест ҳеҷ кас зотшинос. Касро ба камолу кунҳи зотат раҳ нест, Бар феъли ту мекунанд зоти ту қиёс.
Рафт он гуҳаре, ки буд пирояи умр
Рафт он гуҳаре, ки буд пирояи умр, В-овард замона тоқӣ сармояи умр. Аз мӯйи сапедам сари пистони умед, Бингар, ки сиёҳ мекунад дояи умр.
Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд
Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд, Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд. Дар маърифатат чу нек фикре кардам, Маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.
Куфри чу мане газофу осон набувад
Куфри чу мане газофу осон набувад, Муҳкамтар аз имони ман имон набувад. Дар даҳр чу ман якею он ҳам кофир, Пас, дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.
Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд
Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд, Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд. Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ, Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.
То бодаи ишқ дар қадаҳ рехтаанд
То бодаи ишқ дар қадаҳ рехтаанд, В-андар пайи ишқ ошиқ ангехтаанд. Бо ҷону равони Бӯалӣ меҳри Алӣ, Чун ширу шакар ба ҳам даромехтаанд.
Он ҷо, ки сухан зи боби маъқул омад
Он ҷо, ки сухан зи боби маъқул омад, Аз баҳри яке фоилу мафъул омад. Бе қудрати фоиле, чу як кор нашуд, Пас, фоили ҳар ду кавн маълул омад.
З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард
З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард, Он беҳ, ки набоядат пушаймонӣ х(в)ард. Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре, Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натвонӣ кард?!
Чун пир шудӣ, кори ҷавон натвон кард
Чун пир шудӣ, кори ҷавон натвон кард, Пирит ба кофур ниҳон натвон кард. Дар зулмати шаб ҳар он чи кардӣ, кардӣ, Дар равшании рӯз ҳамон натвон кард.
Зулфи ту чу афъӣ пайи шар мегардад
Зулфи ту чу афъӣ пайи шар мегардад, Донӣ паси пуштат зи чӣ бар мегардад? Чун дид, ки лаъли ту зумуррад дорад, Афъӣ шуду дар кӯҳу камар мегардад.
Он, к-аз лаби ӯ кони гуҳар киса ниҳод
Он, к-аз лаби ӯ кони гуҳар киса ниҳод, Қалб аст ҳар он нақд, ки дар киса ниҳод. Банди сари киса мехаридам, гуфто: — Ошиқ дидӣ, ки банд бар киса ниҳод?
Бигсаст фалак чу иқди дурдонаи субҳ
Бигсаст фалак чу иқди дурдонаи субҳ, Пурдурри хушоб кард паймонаи субҳ. Ӯ низ чу ман асиру шайдо гашта, К-эй ошиқи шомгоҳу девонаи субҳ.
Бингар зи ҷаҳон чӣ тарф барбастам
Бингар зи ҷаҳон чӣ тарф барбастам? – Ҳеҷ. В-аз ҳосили айём чӣ дар дастам? – Ҳеҷ. Шамъӣ тарабам гир, чу биншастам, ҳеҷ. Худ ҷоми Ҷамам гир, чу бишкастам, ҳеҷ.
Гар бода гаҳе хурам, нишони хомист
Гар бода гаҳе хурам, нишони хомист, В-ар з-он ки мудом май хурам, бадномист. Май шоҳу ҳакиму ринд бояд ки хурад, В-ин ҳар се наӣ, махӯр, ки душманкомист.
Он оташи оби тан, ки рӯҳи сонист
Он оташи оби тан, ки рӯҳи сонист, Хун аст, на хуне, чӣ сабаб зиндонист? Оре, ҳама солҳо бад-ӯ арзонист, То мояи ҷон чаро бад-ин арзонист.