Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ман ҷамъ кунам, туаш парешон созӣ
Ман ҷамъ кунам, туаш парешон созӣ, Обод кунам, ту боз вайрон созӣ. Бо ин ҳама бозию фиребу найранг, Эй умр, зи ман чӣ гуна инсон созӣ?
Биё, эй дӯст, қадри ҳам бидонем
Биё, эй дӯст, қадри ҳам бидонем, Ки ҳоло навхату шӯху ҷавонем. Ҷавонӣ чун ниҳоли гул набошад, Ки онро ҳар баҳор аз нав нишонем.
Баъд аз сари ман ҷаҳон чӣ сон хоҳад буд?
Баъд аз сари ман ҷаҳон чӣ сон хоҳад буд? Баъд аз сари ман ҷаҳон ҳамон хоҳад буд. Чашмони ҳазини ман зи ҳар мисраи ман, Бар чашми накӯён нигарон хоҳад буд.
Баъди чанде, ки басо об зи сарҳо гузарад
Баъди чанде, ки басо об зи сарҳо гузарад, Баҳри ту хотирае беш нахоҳам будан. Гар аз он манзараҳо гоҳ-гаҳе ёд кунӣ, Пораи манзарае беш нахоҳам будан.
Маро дар рӯи дунё манзиле буд
Маро дар рӯи дунё манзиле буд, Маро аз кишти дунё ҳосиле буд. Ба дарё мезанам дил, то бидонад, Ки андар соҳилаш дарёдиле буд.
Гаҳе на ёди хурду хоб кардем
Гаҳе на ёди хурду хоб кардем, Ки то рози диле дарёб кардем. Барои ташнагони зиндагонӣ Дили худро шабу рӯз об кардем.
Сармаст зи бодаи ҳавову ҳавасем
Сармаст зи бодаи ҳавову ҳавасем, Маҳруми якеву бо дигар ҳамнафасем. Имрӯз гузашту мо напурсем чӣ буд, Бар қадри ҷавонӣ вақти пирӣ бирасем.
Не қиссаи он шамъи Чигил битвон гуфт
Не қиссаи он шамъи Чигил битвон гуфт, Не ҳоли дили сӯхтадил битвон гуфт. Ғам дар дили танги ман аз он аст, ки нест Як дӯст, ки бо ӯ ғами дил битвон гуфт.
Имшаб зи ғамат миёни хун хоҳам хуфт
Имшаб зи ғамат миёни хун хоҳам хуфт, В-аз бистари офият бурун хоҳам хуфт. Бовар накунӣ, хаёли худро бифирист, То дарнигарад, ки бе ту чун хоҳам хуфт.
Моҳам, ки рухаш равшании х(в)ар бигирифт
Моҳам, ки рухаш равшании х(в)ар бигирифт, Гирди хати ӯ чашмаи Кавсар бигирифт. Дилҳо ҳама дар чоҳи занахдон андохт, В-он гаҳ сари чоҳро ба анбар бигирифт.
Ҳар рӯз дилам ба зери боре дигар аст
Ҳар рӯз дилам ба зери боре дигар аст, Дар дидаи ман зи ҳаҷр хоре дигар аст. Ман ҷаҳд ҳамекунам, қазо мегӯяд: «Берун зи кифояти ту коре дигар аст!»
Ту бадрию хуршед туро банда шудаст
Ту бадрию хуршед туро банда шудаст, То бандаи ту шудаст, тобанда шудаст. З-он рӯй, ки аз шуъоъи нури рухи ту Хуршед муниру моҳ тобанда шудаст.
Ман бо камари ту дар миён кардам даст
Ман бо камари ту дар миён кардам даст, Пиндоштамаш, ки дар миён чизе ҳаст? Пайдост аз он миён, чу барбаст камар, То ман зи камар чӣ тарф хоҳам барбаст!
Моҳе, ки қадаш ба сарв мемонад, рост
Моҳе, ки қадаш ба сарв мемонад, рост, Ойина ба дасту рӯи худ меорост. Дасторчае пешкашаш кардам, гуфт: «Васлам талабӣ? Зиҳӣ хаёле, ки турост!»
Гуфтам, ки «Лабат?» Гуфт: «Лабам об ҳаёт»
Гуфтам, ки «Лабат?» Гуфт: «Лабам об ҳаёт». Гуфтам: «Даҳанат?» Гуфт: «Зиҳӣ ҳабби набот!» Гуфтам: «Сухани ту?» Гуфт: «Ҳофиз гуфто: Шодии ҳама латифагӯён саловот!»
Машнав сухани хасм, ки биншину марав
Баргир шароби тарабангезу биё, Пинҳон зи рақиби сафла бистезу биё! Машнав сухани хасм, ки биншину марав, Бишнав зи ман ин нукта, ки бархезу биё!
Хоб арчи хуш омад ҳамаро дар дида
Ҷуз нақши ту дар назар наёмад моро, Ҷуз кӯйи ту раҳгузар наёмад моро. Хоб арчи хуш омад ҳамаро дар дида, Ҳаққо, ки ба чашм дарнаёмад моро.
Эй қодири бетаҳайюру бесонӣ
Эй қодири бетаҳайюру бесонӣ, Моро ба уқубат ба чӣ метарсонӣ? Чун нест ба дасти ҳеҷ кас, медонӣ, Дар кор ту оҷизию саргардонӣ.
Эй кош, бидонаме, ки ман кистаме
Эй кош, бидонаме, ки ман кистаме, Саргашта ба олам аз паи чистаме. Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме, В-арна ба ҳазор дида бигристаме.
Бар сафҳаи чеҳраҳо хати ламязалӣ
Бар сафҳаи чеҳраҳо хати ламязалӣ, Маъкус навиштааст номи ду Алӣ. Як лому ду айн бо ду ёи маъкус Аз ҳоҷибу анфу айн бо хатти ҷалӣ.
Эй нафс, ки бастаи ҳавову ҳавасӣ
Эй нафс, ки бастаи ҳавову ҳавасӣ, Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ. Дунё маталаб, ҷоҳ маҷӯ, ишва махар, К-аз дӯст бароию ба душман бирасӣ.
Эй меҳр, ки нест чун ту оламгарде
Эй меҳр, ки нест чун ту оламгарде, З-ин раҳравиям бибахш роҳоварде. Имрӯз киро дидӣ, к-андар роҳи ишқ, Бар рух бувадаш гардею бар дил дарде.
Эй дар ду нафас умри ту афзоянда
Эй дар ду нафас умри ту афзоянда, Бодест нафас, шавандаву оянда. Бар бод ниҳодаӣ бинои ҳама умр, Бар бод куҷо бувад бино поянда?
Моем ба афви ту тавалло карда
Моем ба афви ту тавалло карда, Дар тоату маъсият табарро карда. Он ҷо, ки инояти ту бошад, бошад Нокарда чу карда, карда чун нокарда.
Май ҳосили умри ҷовидонист, бидеҳ
Май ҳосили умри ҷовидонист, бидеҳ, Сармояи лаззати ҷавонист, бидеҳ. Сӯзанда чу оташ аст, лекин ғамро Созанда чу оби зиндагонист, бидеҳ.