Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Бим аст, ки дар бехудӣ афсона шавам
Бим аст, ки дар бехудӣ афсона шавам В-ангуштнамои хешу бегона шавам. Ин ақли фузул медиҳад заҳмати ман, Ногоҳ зи дасти ақл девона шавам.
Не ёр навозад ба карам як рӯзам,
Не ёр навозад ба карам як рӯзам, Не бахт, ки бар васл кунад пирӯзам. Чун шамъ баробари рухаш гаҳ-гоҳе Аз дур нигаҳ мекунаму месӯзам.
Дил дар пайи ишқи дилбарон аст ҳанӯз
Дил дар пайи ишқи дилбарон аст ҳанӯз В-аз умри гузашта дар гумон аст ҳанӯз. Гуфтем, ки мову ӯ ба ҳам пир шавем, Мо пир шудему ӯ ҷавон аст ҳанӯз.
Эй дил, пас аз ин ғуссаи айём махӯр!
Эй дил, пас аз ин ғуссаи айём махӯр! Ҷуз най маталаб ҳамдаму ҷуз ҷом махӯр! Марсум тамаъ мадору ташриф мапӯш, Идрори қалам барнеҳу инъом махӯр!
Эй дил, пас аз ин андуҳи беҳуда махӯр!
Эй дил, пас аз ин андуҳи беҳуда махӯр! З-ин беш ғами будаву нобуда махӯр! Ҷон медеҳу доди тамаъу ҳирс мадеҳ, Ғам мехӯру нони миннатолуда махӯр!
Эй лаъли лабат ба дилнавозӣ машҳур
Эй лаъли лабат ба дилнавозӣ машҳур В-эй рӯйи хушат ба турктозӣ машҳур. Бо зулфи ту қиссаест моро мушкил, Ҳамчун шаби ялдо ба дарозӣ машҳур.
Аз шавқи туам ҳаст бар оташ хотир,
Аз шавқи туам ҳаст бар оташ хотир, Бе васли туам намешавад х(в)аш хотир. Дар ҳасрати абрӯву сари зулфи хушат Пайваста нишастаам мушаввашхотир.
Ҳар лаҳза расад ба ман балое дигар,
Ҳар лаҳза расад ба ман балое дигар, Ояд ба дилам захм зи ҷое дигар. Бар дарди саре, к-аз фалакам рост бувад, Имрӯз фузуд дарди пое дигар.
Доно зи майи муғона менагрезад
Доно зи майи муғона менагрезад В-аз чангу дафу чағона менагрезад; Як шоҳиду ду надим, се ҷоми шароб, Албатта, аз ин сегона менагрезад.
Васфи лаби ӯ сухан чу оғоз кунад
Васфи лаби ӯ сухан чу оғоз кунад В-он ранги рухаш, ки бар суман ноз кунад. Аз ғунча шунав, чу ғунча лаб бикшояд В-аз гул биталаб, чу гул даҳан боз кунад.
Дил бо рухи дилбаре сафое дорад,
Дил бо рухи дилбаре сафое дорад, К-ӯ ҳар нафасе майл ба ҷое дорад. Шарҳи шаби ҳиҷрону парешонии мо Чун зулфи бутон дарозное дорад.
Қавме зи пайи мазҳабу дин месӯзанд,
Қавме зи пайи мазҳабу дин месӯзанд, Қавме зи барои ҳуриин месӯзанд. Ман шоҳиду май дораму боғе чу биҳишт В-эшон ҳама дар ҳасрати ин месӯзанд.
З-ин гуна, ки ин шамъ равон месӯзад,
З-ин гуна, ки ин шамъ равон месӯзад, Гӯӣ зи фироқи дӯстон месӯзад. Гар гиря кунем ҳар ду бо ҳам, шояд, К-ӯрову маро риштаи ҷон месӯзад.
Аз шиддати тангдастию меҳнати бард
Аз шиддати тангдастию меҳнати бард Дар хаймаи мо на хоб ёбию на х(в)ард, Дар тобаву саҳну косаву кӯзаи мо На чарбу на ширину на гарм асту на сард.
Лаб ҳар кӣ бар он лаъли тарабнок ниҳад,
Лаб ҳар кӣ бар он лаъли тарабнок ниҳад, По бар сари нуҳ курсии афлок ниҳад. Хуршед чу моҳ пеши рӯяш ба адаб Ҳар рӯз ду бор рӯй бар хок ниҳад.
Гар васли ту дасти мани шайдо гирад
Гар васли ту дасти мани шайдо гирад В-ин дарду фироқ роҳи саҳро гирад, Ҳам ҳоли ман аз рӯйи ту некӯ гардад, Ҳам кори ман аз қадди ту боло гирад.
Ишқи ту маро чу хоки раҳ хоҳад кард,
Ишқи ту маро чу хоки раҳ хоҳад кард, Холи ту маро ҳол табаҳ хоҳад кард, Зулфи ту маро ба бод бархоҳад дод, Чашми ту маро хонасияҳ хоҳад кард.
Ҷон қиссаи он моҳи сухангӯ гӯяд,
Ҷон қиссаи он моҳи сухангӯ гӯяд, Дил коми равон з–он лаби дилҷӯ ҷӯяд. Гар акси рухаш бар чаман афтад рӯзе, Аз хок ҳама лолаи худрӯ рӯяд.
Он хур, ки аз ӯ қуввати рӯҳ афзояд,
Он хур, ки аз ӯ қуввати рӯҳ афзояд, Яъне майи гулгун, ки футӯҳ афзояд. Ман бандаи он, ки дар шабонгоҳ хӯрад, Ман чокари он, ки дар сабӯҳ афзояд.
Ман тарки шароби ноб натвонам кард,
Ман тарки шароби ноб натвонам кард, Хумхонаи худ хароб натвонам кард. Як рӯз агар бодаи софӣ нахӯрам, Даҳ шаб зи хумор хоб натвонам кард.
Дарвеш, ки май хӯрад, ба мирӣ бирасад,
Дарвеш, ки май хӯрад, ба мирӣ бирасад, В-ар рӯбаҳаке хӯрад, ба шерӣ бирасад. Гар пир хӯрад, ҷавонӣ аз сар гирад В-ар з-он ки ҷавон хӯрад, ба пирӣ бирасад.
Он зулф, ки бар гӯшаи ғултоқ ниҳод,
Он зулф, ки бар гӯшаи ғултоқ ниҳод, Сад доғи ҷафо бар дили ушшоқ ниҳод. Бар чеҳраи ӯ чу тоқи абрӯяш дид, Маҳ хубии рӯйи хеш бар тоқ ниҳод.
Фикре, ки бар он табъи равон мегузарад,
Фикре, ки бар он табъи равон мегузарад, Шарҳаш зи маонию баён мегузарад. Шеъри ту чаро нозуку ширин набувад, Охир, на бад-он лабу даҳон мегузарад?!
Эй шуълае аз партави рӯят - хуршед,
Эй шуълае аз партави рӯят - хуршед, Рӯям зи ғамат зард шуду мӯй сафед. Аз васли ту ҳар кӣ буд дар ҷумла ҷаҳон, Бардошт насибеву мани хаста - умед.
То ёр бирафт, сабр аз ман бирамид
То ёр бирафт, сабр аз ман бирамид В-аз ҳар мижаам ҳазор хуноба чакид. Гӯӣ, натавонам, ки бибинам бозаш, То кӯр шавад, ҳар он кӣ натвонад дид.