Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: рубоӣ

Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Ҳарчанд ки дарди дили ҳар хаста басест

👁 1

Ҳарчанд ки дарди дили ҳар хаста басест В–аз дасти фалак риштаи бигсаста басест. Зинҳор ба кори баста дил танг мадор, Дар номаи ғайб рози сарбаста басест.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Имшаб ману чангиею маъшуқаи чуст

👁 0

Имшаб ману чангиею маъшуқаи чуст Будем ба айшу аҳд кардем дуруст. Соқӣ зи булӯри ноб бар рӯйи замин Мекишт ақиқу луълуи тар меруст.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дунё на мақоми мост, на ҷойи нишаст,

👁 0

Дунё на мақоми мост, на ҷойи нишаст, Фарзона дар ӯ хароб авлотару маст. Бар оташи ғам зи бода обе мезан, З–он пеш, ки дар хок равӣ бод ба даст.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Даврони бақо бе маю соқӣ ҳашв аст.

👁 0

Даврони бақо бе маю соқӣ ҳашв аст. Бе замзамаи нони ироқӣ ҳашв аст. Чандон ки фазолики ҷаҳон менигарам, Бо раз ҳама ишрат асту боқӣ ҳашв аст.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

То меҳри туам дар дили шӯрида нишаст

👁 0

То меҳри туам дар дили шӯрида нишаст В-афтод маро чашм бад-он наргиси маст. Ин ғам зи дилам намениҳад пой бурун В-ин ашк зи доманам намедорад даст.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Ҳар кас, ки сари зулфи ту овард ба даст,

👁 0

Ҳар кас, ки сари зулфи ту овард ба даст, Аз ғолия фориғ шуду аз мушк бираст. Оқил накунад нисбати зулфат бо мушк, Донад, ки миёни ину он фарқе ҳаст.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Мекӯш, ки то з-аҳли назар хонандат,

👁 1

Мекӯш, ки то з-аҳли назар хонандат, В-аз олами роз бохабар хонандат. Гар хайр кунӣ, фаришта гӯянд туро, В-ар майл ба шар кунӣ, башар хонандат.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Эй дар сари ҳар кас аз ту савдои дигар,

👁 2

Эй дар сари ҳар кас аз ту савдои дигар, Дар роҳи ту ҳар тоифаро рои дигар. Чизе зи ту гар касе таманно дорад, Мо ҷуз ту надорем таманнои дигар.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Эй, он ки натиҷаи чаҳору ҳафтӣ

👁 5

Эй, он ки натиҷаи чаҳору ҳафтӣ, В-аз ҳафту чаҳор доим андар тафтӣ! Май хур, ки ҳазор бор бешат гуфтам, Боз омаданат нест, чу рафтӣ, рафтӣ.

Умари Хайём
Умари Хайём

То дар ғами ин тоқи дурангӣ бошӣ

👁 1

То дар ғами ин тоқи дурангӣ бошӣ, Он беҳ, ки ҳарифи маю чангӣ бошӣ. В-аз умри азизи худ мурассаъ хоҳӣ, Бояд,ки ҳамеша масту бангӣ бошӣ!

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Рубоиҳо

👁 10

Рубоӣҳо ).Бо хеш фиреб дода хандон шудем, Аз нури ҳақиқат ҳама пинҳон шудем. Аз халқ ҳазор парда бар рӯй задем,

Абубакри Абдурасул
Абубакри Абдурасул

Эй он ки ба мулки хеш поянда туӣ,

👁 21

Эй он ки ба мулки хеш поянда туӣ, В-аз домани шаб субҳнамоянда туӣ. Кори мани бечора қавӣ баста шудаст, Бикшой, Худоё, ки кушоянда туӣ.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Аллоҳ туӣ, в-аз дилам огоҳ туӣ,

👁 27

Аллоҳ туӣ, в-аз дилам огоҳ туӣ, Дармонда манам, далели ҳар роҳ туӣ. Гар мӯрчае дам занад андар таги чоҳ, Огаҳ зи дами мӯрча дар чоҳ туӣ.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Субҳоналлаҳ, ба ҳар ғаме ёр туӣ,

👁 22

Субҳоналлаҳ, ба ҳар ғаме ёр туӣ, Субҳоналлаҳ, кушоиши кор туӣ. Субҳоналлаҳ, ба амри ту кунфаякун, Субҳоналлаҳ, ғафуру ғаффор туӣ.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Эй он ки кушояндаи ҳар банд туӣ,

👁 28

Эй он ки кушояндаи ҳар банд туӣ, Берун зи иборати чиву чанд туӣ. Ин давлати ман бас, ки манам бандаи ту, Ин иззати ман бас, ки Худованд туӣ.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Эй он, ки барорандаи ҳоҷот туӣ,

👁 18

Эй он, ки барорандаи ҳоҷот туӣ, Ҳам кофилу кофии муҳиммот туӣ. Сирри дили хешро чӣ гӯям бо ту, Чун олими сирри вал -хафиёт туӣ?!

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Оинасифат ба дасти ӯ некӯӣ,

👁 21

Оинасифат ба дасти ӯ некӯӣ, З-ин сӯй намудаӣ, вале з-он сӯӣ. Ӯ дида туро, ки айни ҳастии ту ӯст, З-онаш ту надидаӣ, ки акси ӯӣ.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Он ҷо, ки бибоӣ, на падидӣ гӯӣ,

👁 12

Он ҷо, ки бибоӣ, на падидӣ гӯӣ, Он ҷо, ки набоӣ, аз замин баррӯӣ. Ошиқ кунию муроди ошиқ ҷӯӣ, Инат хушию зарифию некӯӣ.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Бардорам дил, гар аз ҷаҳон фармоӣ,

👁 11

Бардорам дил, гар аз ҷаҳон фармоӣ, Фармон барам, ар суду зиён фармоӣ. Бишинам, агар бар сари оташ, гӯӣ, Бархезам, агар аз сари ҷон, фармоӣ.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Эй дилбари исонафаси тарсоӣ,

👁 16

Эй дилбари исонафаси тарсоӣ, Хоҳам, ки ба пеши банда бе тарс оӣ. Гаҳ ашк зи дидаи тарам хушк кунӣ, Гаҳ бар лаби хушки ман лаби тар соӣ.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Гуфтам, ки чароӣ ту бад-ин зебоӣ?

👁 14

Гуфтам, ки чароӣ ту бад-ин зебоӣ? Гуфто худро, ки ман худам яктое. Ҳам ишқаму ҳам ошиқу ҳам маъшуқам, Ҳам оинаи ҷамолу ҳам биноӣ.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Покию муназзаҳию беҳамтоӣ,

👁 7

Покию муназзаҳию беҳамтоӣ, Касро нарасад мулк бад-ин зебоӣ. Халқон ҳама хуфтаанду дарҳо баста, Ё раб, ту дари лутф ба мо бикшоӣ.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Омад бари ман қосиди он сарви сиҳӣ,

👁 11

Омад бари ман қосиди он сарви сиҳӣ, Овард биҳӣ, то набувад дасти тиҳӣ. Ман ҳам рухи худ бад-он биҳӣ молидам, Яъне зи мараз ниҳодаам рӯ ба беҳӣ.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Дунё роҳе, биҳишт манзилгоҳе,

👁 15

Дунё роҳе, биҳишт манзилгоҳе, Ин ҳар ду ба назди аҳли маънӣ коҳе. Гар ошиқи содиқӣ, зи ҳар ду бигузар, То дӯст туро ба худ намояд роҳе.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Гар сайди адам шавӣ, зи худ раста шавӣ,

👁 6

Гар сайди адам шавӣ, зи худ раста шавӣ, В-ар дар сифати хеш шавӣ, баста шавӣ. Медон, ки вуҷуди ту ҳиҷоби раҳи туст, Бо худ манишин, ки ҳар замон хаста шавӣ.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр
Саҳифаи 3 аз 39