Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абубакри Абдурасул
Абубакри Абдурасул

Рубоиҳои

Рубоӣҳо 1).Бо хеш фиреб дода хандон шудем, Аз нури ҳақиқат ҳама пинҳон шудем. Аз халқ ҳазор парда бар рӯй задем, Назди Худо расидем — урён шудем. 🌟🌟🌟🌟🌟🌟🌟🌟 2).Гуфтем дуруғ, лаб зи ҳақиқат бастем, Аз роҳи сафо ҷониби ғафлат рафтем. Ҳарчанд зи худ фаришта месохтем, Оинаи дил гувоҳ шуд: мо каҷ рафтем. 🌟🌟🌟🌟🌟🌟🌟🌟 3).Аз бодаи нафс масту ҳайрон гаштем, Аз роҳи ҳақиқат сӯи армон гаштем. Пиндоштем, ки кас надид айби моро, Дидем, ки пеши виҷдон расво гаштем. 🌟🌟🌟🌟🌟🌟🌟🌟 4).Ҳар дона, ки коштем, ҳамонро даравем, Аз кардаи хеш роҳи гурезе наёбем. Имрӯз агар ба хеш дурӯғе бигӯем, Фардо ба ҳақиқати худ сар фуруд оварем. 🌟🌟🌟🌟🌟🌟🌟🌟 5).Дидем ҷаҳон саробу мо ташна ҳанӯз, Бастем ба хоку хок шуд орзу рӯз. Бо дасти худ оташи ҷафо афрӯхтем, Акнун ҳама хокистари онем имрӯз. 🌟🌟🌟🌟🌟🌟🌟🌟 6).Аз кардаи хеш дар фирорем ҳама, Дар панҷаи рӯзгор хорем ҳама. Гар айби касон ба кӯҳ монанд бувад, Пеши амали худ шармсорем ҳама. 🌟🌟🌟🌟🌟🌟🌟🌟 7).Имрӯз ба айби дигарон хандидем, Аз доғи гуноҳи хеш ғофил дидем. Чун пардаи умр аз миёна бархост, Худро зи ҳама гунаҳкортар дидем. 🌟🌟🌟🌟🌟🌟🌟🌟 8).Бо дасти худ ин қафаси ғам сохтем, Аз нафси ҳавопараст олам бохтем.