Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абубакри Абдурасул
Абубакри Абдурасул

Бизан мутриб

Бизан, мутриб, дигар он дилбарам дилдор нашуд охир, Бути афсунгарам бар лаб ба лаб паймона нашуд охир. Дигар он соқии маст нест, ки шабҳо шароби оташин резад, Ба ранги зарди ман бингар — дигар дилдор нест охир. Задам сар бар ҳар як маҷлис, бикофтам дилбарам ҳар дам, Дигар он дилбарам охир барои ман чу ташна нест охир. Бигуфтам ҳар куҷо рафтам: «Дӯсташ дорам зи ҷону тан», Бубин, он дилбарам охир дигар дилдор нест охир. Шароби май ба комам талх гаштаст, бас аст, соқӣ, Дигар рехтан намехоҳам, ки тоқат бар сӯхтан нест охир. Дигар, соқӣ, магӯ аз ишқ, ки тоқат нест бар сӯхтан, Барояш ҷону тан додам — нашуд дилбар, бас аст охир. Куҷоӣ, Абубакр, бингар, ки ҷонам дар ғами ӯ сӯхт, Вале он дилбари ҷоҳил нашуд дилдор — бас, охир. АБУБАКРИ АБДУРАСУЛ