Дилдор нашуд охир
Дилдор нашуд охир
Ало, мутриб, бас аст дигар, надорам тоқати сӯхтан,
Ки он дилбар, ки мехостам, ба ман дилдор нашуд охир.
Чаро, соқӣ, зи дарди дил маро ҳар дам шароб афзун?
Ки дарди ишқи он дилбар дигар ҳамвор нашуд охир.
Шаробам деҳ, ки аз ғамҳо дилам як лаҳза осудаст,
Вале ин дилбари сангдил ба ман ғамхор нашуд охир.
Бигӯ, эй дил, бас аст дигар, чаро уммед мебандӣ?
Касе, к-аз ту ҷудо бигрифт, ба ту ёр нашуд охир.
Чаро ҳар дам менолӣ аз касе, к-он қадрат надонад?
Бубин, ин нолаи дил ҳам дигар бисёр шуд охир.
Ало, мутриб, дигар хомӯш — дилам аз нола хаста шуд,
Ҳамон дилбар, ки мехостам, насиби ёр нашуд охир.
АБУБАКРИ АБДУРАСУЛ