Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Исматов Бахтиёр
Исматов Бахтиёр

Нури хуршед

Гум гаштаам ман охир дар моҳу нури хуршед, Валлаҳ, ки Ҳақ донад ин нуру зоти хуршед Тавофу чархи ботин нур аст зи нури Яздон Пас ту биёву роҳ гир ин нури нури хуршед -------------- Гуфтам, ки лаббайка -Гуфто: бархез, Занҷири маро бигиру бо ҳам дархез. Гуфтам, ки бисӯхтам зи ин дори ситез, Гуфто, ки ҳар он чи гуфтам дору бархез.