На чу моҳам на чу обам, на чу парвона харобам
На чу моҳам на чу обам на чу парвона харобам
На чу дарё равонам на чу соҳил ба хокам
Ҳама аз дурри манаст раҳ ҳама аз ганҷи ман аст шаҳ
На чу шоҳам на ба тахтам на чу фармоне шикастам
На ба фармони ту бошам на ба даврони ту бошам
Ҳама он кавну маконам ба мақоми ту расидам
На бигӯянд ки мастам на бигӯянд, ки аластам
Агаро девонаи мастам ҳаме дар ишқ бубастам
На ниҳонам на маконам на камонам на нишонам
Чу ба даргоҳ расида ман он Фироқии мастам