Шеърҳо бо теги: фалсафӣ
Шеърҳои марбут ба теги «фалсафӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест
Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест, Савдозадаи меҳри дилафрӯзе нест. Рӯзе, ки ту бе ишқ ба сар хоҳӣ бурд, Зоеътар аз он рӯз туро рӯзе нест.
Шодӣ маталаб, ки ҳосили умр дамест
Шодӣ маталаб, ки ҳосили умр дамест, Ҳар зарра зи хоки Кайқубодеву ҷамест. Аҳволи чаҳону мулки гетӣ яксар, Хобеву хаёлеву фиребеву дамест.
Даврони чаҳон бе маю соқӣ ҳеҷ аст
Даврони чаҳон бе маю соқӣ ҳеҷ аст, Бе замзамаи нойи ироқӣ ҳеҷ аст. Ҳарчанд дар аҳволи ҷаҳон менигарам, Ҳосил ҳама ишрат аст, боқӣ ҳеҷ аст.
Аз дафтари умр пок мебояд шуд
Аз дафтари умр пок мебояд шуд, Дар ҷанги аҷал ҳалок мебояд шуд Эй соқии хушкилиҳо ту хушдил мебош, Обе дардеҳ, ки хок мебояд шуд.
З-ин гуна, ки ман кори ҷаҳон мебинам
З-ин гуна, ки ман кори ҷаҳон мебинам, Олам ҳама ройгон бар он мебинам. Субҳоналлаҳ, ба ҳар чӣ дарменигарам, Нокомии хеш андар он мебинам.
Онҳо, ки хулосаи чаҳон эшонанд
Онҳо, ки хулосаи чаҳон эшонанд, Бар авҷи фалак буроқи фикрат ронанд. Дар маърифати зоти ту монанди фалак, Саргаштаву сарнагуну саргардонанд,
Мо хирқаи зуҳд бар сари хум кардем
Мо хирқаи зуҳд бар сари хум кардем, В-аз хоки харобот таяммум кардем. Бошад, ки зи хоки майкада дарёбем. Он умр, ки дар мадрасаҳо гум кардем.
Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист? Бигӯ!
Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист? Бигӯ! В-он кас, ки гунаҳ накард, чун зист? Бигӯ! Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ, Пас, фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ!
Шодӣ биталаб, ки ҳосили умр ғамест
Шодӣ биталаб, ки ҳосили умр ғамест, Ҳар зарра зи хоки Кайқубодеву Ҷамест. Аҳволи ҷаҳону мулки гетӣ яксар. Хобеву хаёлеву фиребеву дамест.
Ғами ҷаҳон беҳуда махур
Эй дӯст ғами ҷаҳон беҳуда махур, Беҳуда ғами ҷаҳони фарсуда махур. Чун буда гузашту нест нобуд падид, Хуш бош ғами будаву нобуда махур.
Хуш бош!
Хайём, агар зи бода мастӣ, хуш бош! Гар бо санаме даме нишастӣ, хуш бош! Поёни ҳама кори ҷаҳон нестӣ аст, Пиндор, ки нестӣ, чу ҳастӣ, хуш бош!
Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад
Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад, Дарёб даме, ки бо тараб мегузарад. Соқӣ, ғами фардои қиёмат чӣ хӯрӣ? Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад.
Гӯянд касон: «Биҳишт бо ҳур хуш аст»!
Гӯянд касон: «Биҳишт бо ҳур хуш аст», Ман мегӯям, ки «Оби ангур хуш аст!» Ин нақд бигиру даст аз он нася бидор, К-овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст!