Шеърҳо бо теги: фалсафӣ
Шеърҳои марбут ба теги «фалсафӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Аз куфру ислом бурун саҳроест
Аз куфру ислом бурун саҳроест, Моро ба миёни он фазо савдоест. Ориф чу бадон расид, сар барбинеҳад, На куфру на ислому на он ҷо ҷоест.
Манигар ба ҳар гадое, ки ту хос аз они моӣ
Манигар ба ҳар гадое, ки ту хос аз они моӣ, Мафуруш хеш арзон, ки ту бас гаронбаҳоӣ. Ба асо шикоф дарё, ки ту Мусии замонӣ, Бидарон қабоҳи маҳро, ки зи нури Мус
Ҳам масҷиду ҳам каъбаву ҳам қибла баҳонаст
Ҳам масҷиду ҳам каъбаву ҳам қибла баҳонаст, Диққат бикунӣ, нури Худо дар дили хонаст. Дар масҷиду дар каъба дунболи чӣ ҳастӣ? Аввал ту бубин қалби касеро нашика
Хомӯш куну фанни хомӯшӣ гир
Хомӯш куну фанни хомӯшӣ гир, Бигзор ту лофи пурфаниро. Зеро, ки дил аст ҷойи имон, Дар дил медор муъминиро!
Бурида шуд аз ин ҷӯйи ҷаҳон об
Бурида шуд аз ин ҷӯйи ҷаҳон об, Баҳоро, бозгарду ворасон об! Аз он обе, ки чашмай Хизру Илёс Надидасту набошад ончунон об!
Чархи фалак бо ҳама кору киё
Чархи фалак бо ҳама кору киё, Гирди фалак гардад чун осиё! Гирди чунин Каъба кун, ай ҷон, тавоф, Гирди чунин мойида гард, ай гадо!
Ту ҷону ҷаҳонӣ, каримо, маро
Ту ҷону ҷаҳонӣ, каримо, маро, Чи ҷону ҷаҳон?! Аз куҷо то куҷо?! Ки ҷон худ чи бошад бари ошиқон, Ҷаҳон худ чи бошад бари авлиё?!
Кароне надорад биёбони мо
Кароне надорад биёбони мо, Қароре надорад дилу ҷони мо! Ҷаҳон дар ҷаҳон нақшу сурат гирифт, Кадом аст аз ин нақшҳо они мо?!
Ман аз куҷову ғаму шодии ҷаҳон зи куҷо?!
Ман аз куҷову ғаму шодии ҷаҳон зи куҷо?! Ман аз куҷо, ғами борону новадон зи куҷо?! Чаро ба олами аслии хеш во наравем?! Дил аз куҷову тамошои хокдон зи куҷо?!
Чанд гурезӣ зи мо, чанд равӣ ҷобаҷо?!
Чанд гурезӣ зи мо, чанд равӣ ҷобаҷо?! Ҷони ту дар дасти мост ҳамчу гулӯйи асо! Чанд бикардӣ тавоф гирди ҷаҳон аз газоф?! З-ин рамайи пур зи лоф ҳеч ту дидӣ вафо
Омад баҳори ҷонҳо, ай шохи тар, ба рақс о
Омад баҳори ҷонҳо, ай шохи тар, ба рақс о, Чун Юсуф андаромад, Мисру шакар ба рақс о! Ай шоҳи ишқпарвар, монанди шири модар, Ай шири ҷӯш дар рӯ, ҷони падар, ба
Соқиё, дар нӯш овар шираи анқудро
Соқиё, дар нӯш овар шираи анқудро, Дар сабӯҳ овар сабук мастони хоболудро! Як ба як дар об афкан ҷумла тарру хушкро, Андар оташ имтиҳон кун чӯброву удро!
Ай бигирифта аз вафо гӯша карон, чаро, чаро?!
Ай бигирифта аз вафо гӯша карон, чаро, чаро?! Бар мани хаста кардайӣ рӯй гарон, чаро, чаро?! Бар дили ман, ки ҷойи туст, коргаҳи вафойи туст, Ҳар нафасе ҳамезан
Бодо муборак дар ҷаҳон суру арӯсиҳои мо
Бодо муборак дар ҷаҳон суру арӯсиҳои мо, Суру арӯсиро Худо борид бар болои мо! Зуҳра қарин шуд бо Қамар, тӯтӣ қарин шуд бо шакар, Ҳар шаб арӯсие дигар аз шоҳи х
Беҳтарин дин
Аз падар пурсид рӯзе як писар, Беҳтарин динҳо кадом аст эй падар? Гуфт ман бо "дин" надорам ҳеҷ кор, Пеши ман динҳо надоранд эътибор.