Манигар ба ҳар гадое, ки ту хос аз они моӣ
Манигар ба ҳар гадое, ки ту хос аз они моӣ,
Мафуруш хеш арзон, ки ту бас гаронбаҳоӣ.
Ба асо шикоф дарё, ки ту Мусии замонӣ,
Бидарон қабоҳи маҳро, ки зи нури Мустафоӣ.
Бишикан сабуҳи хубон, ки ту Юсуфи ҷамолӣ,
Чу масеҳ дам равон кун, ки ту низ аз он ҳавоӣ.
Ба саф андарой танҳо, ки сифандиёри вақтӣ,
Дари Хайбар аст баркан, ки Алии Муртазоӣ.
Биситон зи дев хотам, ки туи ба ҷон Сулаймон,
Бишикан сипоҳи ахтар, ки ту офтоби роҳӣ.
Чу Халил рав дар оташ, ки ту холисиву дилхаш,
Чу Хизир хур оби ҳайвон, ки ту ҷавҳари бақоӣ.