Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед?
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед.
Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор,
Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Гар сурати бе сурати маъшу бубинед,
Ҳам хоҷаву ҳам хонаву ҳам Каъба шумоед.
Даҳ бор аз он роҳ бад-он хона бирафтед,
Як бор аз ин хона бар ин бом бароед.
Он хона латиф аст, нишонҳош бигуфтед,
Аз хоҷаи он хона нишоне бинамоед.
Як дастаи гул ку, агар он боғ бидидед,
Як гаҳвари ҷон ку, агар аз баҳри худоед.
Бо ин ҳама он ранҷи шумо ганҷи шумо бод,
Афсӯс, ки бар ганҷи шумо парда шумоед.