Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳам масҷиду ҳам каъбаву ҳам қибла баҳонаст

Ҳам масҷиду ҳам каъбаву ҳам қибла баҳонаст, Диққат бикунӣ, нури Худо дар дили хонаст. Дар масҷиду дар каъба дунболи чӣ ҳастӣ? Аввал ту бубин қалби касеро нашикастӣ? Ин гуна чаро дар паи исботи Худоем, Ҳамсояи мо гушнаву мо сер бихобем. Дар хилқати мо рози муаммои Худо чист? Инсон худаш оинаи як каъба магар нест? Бархезу каме Каъбаи аъмоли худат бош, Чанге ба ниқобат бизану моли худат бош. Тасвири Худо рӯи ҳамин куҳнаниқоб аст, Тасвири Худо возеҳу чашмони ту хоб аст. Шояд ки буте дар васати зеҳни ману туст, Бояд бути худ бо нами борони Худо шуст. Гуӣ ки Худо дар бадану дар танамон аст, Наздиктар аз хуну раги гарданамон аст...!