Шеърҳо бо теги: фалсафӣ
Шеърҳои марбут ба теги «фалсафӣ» дар сомонаи «Шоирон».
9. Оғози достон
Сухангӯй деҳқон чӣ гӯяд нахуст, Ки тоҷи бузургӣ ба гетӣ кӣ ҷуст? Кӣ буд он ки дайҳим бар сар ниҳод? Надорад кас аз рӯзгорон ба ёд.
7. Гуфтор дар бунёд ниҳодани китоб
Дили равшани ман чу баргашт аз ӯй, Сӯи тахти шоҳи ҷаҳон кард рӯй, Ки ин номаро даст пеш оварам, Зи дафтар ба гуфтори хеш оварам.
6. Достони дақиқии шоир
Чу аз дафтар ин достонҳо басе Ҳаме хонд хонанда бар ҳар касе, Ҷаҳон дил ниҳода бад-ин достон Ҳама бихрадон низу ҳам ростон.
5. Гуфтор андар фароҳам овардани Шоҳнома
Сухан гуфта шуд, гуфтанӣ ҳам намонд, Ман аз гуфта хоҳам яке бо ту ронд. Сухан ҳарчӣ гӯям, ҳама гуфтаанд, Бари боғи дониш ҳама руфтаанд.
4. Ситоиши пайғамбар ва ёронаш
Туро донишу дин раҳонад дуруст, Раҳи растагорӣ бибояд-т ҷуст. Агар дил нахоҳӣ, ки бошад нажанд, Нахоҳӣ, ки доим бувӣ мустаманд,
1. Гуфтор андар офариниши мардум
Чу з-ин бигзарӣ, мардум омад падид, Шуд ин бандҳоро саросар калид. Сараш рост бар шуд чу сарви баланд, Ба гуфтори хубу хирад корбанд,
Гуфтор дар офариниши олам
Зи оғоз бояд, ки донӣ дуруст, Сари мояи гавҳарон аз нахуст. Ки Яздон зи ночиз чиз офарид Бад-он, то тавоноӣ омад падид.
Гуфтор андар ситоиши хирад
Кунун, эй хирадманд, арҷи хирад Бад-ин ҷойгаҳ гуфтан андархурад, Хирад беҳтар аз ҳарчӣ Эзад-т дод, Ситоиш хирадро беҳ аз роҳи дод.
Биноҳои обод гардад хароб
Биноҳои обод гардад хароб, Зи борону аз тобиши офтоб. Пай афкандам аз назм кохе баланд, Ки аз боду борон наёбад газанд.
Хирад парварад ҷони донандагон
Хирад парварад ҷони донандагон, Хирад раҳ намояд ба хонандагон. Хирад афсари шаҳриёрон бувад, Хирад зевари номдорон бувад.
Ба номи Худованди ҷону хирад
Ба номи Худованди ҷону хирад, К-аз ин бартар андеша барнагзарад. Худованди ному Худованди ҷой, Худованди рӯзидиҳ раҳнамоӣ.
Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад
Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад, Ба дониш дили пир барно бувад. Набошад касе бартар аз аҳли илм, Ки дониш ба инсон тавоно бувад.