Гуфтор андар фароҳам овардани Шоҳнома
Сухан гуфта шуд, гуфтанӣ ҳам намонд,
Ман аз гуфта хоҳам яке бо ту ронд.
Сухан ҳарчӣ гӯям, ҳама гуфтаанд,
Бари боғи дониш ҳама руфтаанд.
Агар бар дарахти барӯманд ҷой
Наёбам, ки аз бар шудан нест рой.
Касе к-ӯ шавад зери нахли баланд,
Ҳамон соя з-ӯ боздорад газанд.
Тавонам магар пойгаҳ сохтан
Бари шохи он сарви сояфикан,
К-аз ин номаи номвар шаҳрёр
Ба гетӣ бимонам яке ёдгор.
Ту инро дурӯғу фасона мадон,
Ба яксон равиш дар замона мадон.
Аз ӯ ҳарчӣ андархурад бо хирад,
В-агар бар раҳи рамз маънӣ барад,
Яке нома буд аз гаҳи бостон,
Фаровон бад-ӯ - андарун достон.
Пароканда дар дасти ҳар мӯбаде,
Аз ӯ баҳрае бурда ҳар бихраде.
Яке паҳлавон буд деҳқоннажод,
Далеру бузургу хирадманду род.
Пижӯҳандаи рӯзгори нахуст,
Гузашта суханҳо ҳама бозҷуст.
Зи ҳар кишваре мӯбаде солх(в)ард
Биёвард, к-ин номаро гирд кард.
Бипурсидашон аз нажоди каён,
В-аз он номдорони фаррухгавон,
Ки гетӣ ба оғоз чун доштанд,
Ки эдар ба мо хор бигзоштанд?
Чӣ гуна сар омад ба некахтарӣ
Бар эшон ҳама рӯзи кундоварӣ?
Бигуфтанд пешаш якояк меҳон
Суханҳои шоҳону гашти ҷаҳон.
Чу бишнид з-эшон сипаҳбад сухун,
Яке номвар нома афканд бун.
Чунон ёдгоре шуд андар ҷаҳон,
Бар ӯ офарин аз кеҳону меҳон.