Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

Ситоиши пайғамбар ва ёронаш

Туро донишу дин раҳонад дуруст, Раҳи растагорӣ бибояд-т ҷуст. Агар дил нахоҳӣ, ки бошад нажанд, Нахоҳӣ, ки доим бувӣ мустаманд, Ба гуфтори пайғамбарат роҳ ҷӯй, Дил аз тирагиҳо бад-ин об шӯй. Чӣ гуфт он худованди танзилу ваҳй, Худованди амру худованди наҳй, Ки хуршед баъд аз расулони меҳ Натобид бар кас зи Бӯбакр беҳ. Умар кард исломро ошкор, Биёрост гетӣ чу боғи баҳор. Пас аз ҳарду он буд Усмон гузин, Худованди шарму худованди дин. Чаҳорум Алӣ буд ҷуфти Батул, Ки ӯро ба хубӣ ситояд расул, Ки «Ман шаҳри илмам, Алиям дар аст», Дуруст, ин сухан қавли пайғамбар аст. Гувоҳӣ диҳам, к-ин сухан рози ӯст, Ту гӯӣ, ду гӯшам бар овози ӯст. Алиро чунин дону дигар ҳамин, К-аз эшон қавӣ шуд ба ҳар гуна дин. Набӣ офтобу саҳобон чу моҳ, Ба ҳам бастани якдигаррост роҳ. Манам бандаи аҳли байти набӣ, Ситояндаи хоки пои васӣ. Або дигарон мар маро кор нест, Ҷуз ин мар маро роҳи гуфтор нест. Ҳаким ин ҷаҳонро чу дарё ниҳод, Барангехта мавҷ аз ӯ тундбод. Чу ҳафтод киштӣ бар ӯ сохта, Ҳама бодбонҳо барафрохта. Яке паҳнкиштӣ ба сони арӯс Биёроста ҳамчу чашми хурӯс. Муҳаммад бад-ӯ - андарун бо Алӣ, Ҳамон аҳли байти набиву васӣ, Хирадманд, к-аз дур дарё бидид, Карона на пайдову бун нопадид,