Достони дақиқии шоир
Чу аз дафтар ин достонҳо басе
Ҳаме хонд хонанда бар ҳар касе,
Ҷаҳон дил ниҳода бад-ин достон
Ҳама бихрадон низу ҳам ростон.
Ҷавоне биёмад кушодазабон,
Сухан гуфтани хубу равшан равон.
«Ба назм орам ин номаро-гуфт-ман».
Аз ӯ шодмон шуд дили анҷуман.
Ҷавонишро хӯи бад ёр буд,
Або бад ҳамеша ба пайкор буд.
Бар ӯ тохтан кард ногоҳ марг,
Ба сар барниҳодаш яке тира тарг.
Бад-он хӯи бад ҷони ширин бидод,
Набуд аз ҷаҳон дил-ш як рӯз шод.
Якояк аз ӯ бахт баргашта шуд.
Ба дасти яке банда-бар кушта шуд.
Бирафт ӯву ин нома ногуфта монд,
Чунон бахти бедори ӯ хуфта монд.
Худоё, бубахшо гуноҳи варо,
Бияфзой дар ҳашр ҷоҳи варо!