Гуфтор дар бунёд ниҳодани китоб
Дили равшани ман чу баргашт аз ӯй,
Сӯи тахти шоҳи ҷаҳон кард рӯй,
Ки ин номаро даст пеш оварам,
Зи дафтар ба гуфтори хеш оварам.
Бипурсидам аз ҳар касе бешумор,
Битарсидам аз гардиши рӯзгор.
Магар худ дирангам набошад басе,
Бибояд супурдан ба дигар касе.
Ва дигар, ки ганҷам вафодор нест,
Ҳамон ранҷро кас харидор нест.
Замона саросар пур аз ҷанг буд,
Ба ҷӯяндагон-бар ҷаҳон танг буд.
Бар ин гуна якчанд бигзоштам,
Суханро нуҳуфта ҳамедоштам.
Надидам касе, к-аш сазовор буд,
Ба гуфтори ин мар маро ёр буд.
Зи некӯ сухан беҳ чӣ андар ҷаҳон?
Бар ӯ офарин аз кеҳону меҳон!
Агар беҳ набудӣ сухан аз Худой,
Набӣ кай будӣ назди мо раҳнамой?!
Ба шаҳрам яке меҳрубон дӯст буд,
Ту гуфтӣ, ки бо ман ба як пӯст буд.
Маро гуфт: «Хуб омад ин рои ту,
Ба некӣ гирояд ҳаме пои ту.
Набишта ман ин номаи паҳлавӣ,
Ба пеши ту орам, магар нағнавӣ.
Кушода забону ҷавонит ҳаст,
Сухан гуфтани паҳлавонит ҳаст.
Ту ин номаи хусравон бозгӯй,
Бад-ин ҷӯй назди меҳон обрӯй».
Чу овард ин нома наздики ман,
Барафрӯхт ин ҷони торики ман.