Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

Андар ситоиши Абӯмансур ибни Муҳаммад

Бад-ин нома чун даст кардам дароз, Яке меҳтаре буд гарданфароз, Ҷавон буд аз гавҳари паҳлавон, Хирадманду бедору равшанравон. Худованди рою худованди шарм, Сухан гуфтани хубу овои нарм. Маро, гуфт, к-«Аз ман чӣ бояд ҳаме, Ки ҷонат сухан баргирояд ҳаме?» Ба чизе ки бошад маро дастрас, Бикӯшам, ниёзат наёрам ба кас. Ҳаме доштам чун яке тоза себ, Ки аз бод н-ояд ба ман-бар ниҳеб. Ба кайвон расидам зи хоки нажанд, Аз он некдил, номдор арҷманд. Ба чашмаш ҳамон хоку ҳам симу зар, Бузургӣ бад-ӯ ёфта зебу фар. Саросар ҷаҳон пеши ӯ хор буд, Ҷавонмард буду вафодор буд. Чунон номвар гум шуд аз анҷуман, Чу аз бод сарви саҳӣ аз чаман. На з-ӯ зинда бинам, на мурда нишон, Ба дасти наҳангони мардумкушон. Дареғ он камарбанду он гирдгоҳ. Дареғ он каӣ бурзу болои шоҳ! Гирифтор з-ӯ дил шуда ноумед, Равон ларз-ларзон ба кирдори бед. Яке панди он шоҳ ёд оварам, Зи кажжӣ равон сӯи дод оварам. Маро гуфт, к-«Ин номаи шаҳрёр Гарат гуфта ояд, ба шоҳон супор!» Дили ман ба гуфтори ӯ ром шуд, Равонам бад-ин шоду пидром шуд. Бад-ин нома ман даст кардам дароз Ба номи шаҳаншоҳи гарданфароз. Худованди тоҷу худованди тахт, Ҷаҳондори пирӯзу бедорбахт.