Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

Андар ситоиши султон Маҳмуд

Яке панди он шоҳ ёд оварам, Зи кажжӣ равон сӯи дод оварам. Маро гуфт, к-«Ин номаи шаҳрёр Гарат гуфта ояд, ба шоҳон супор!» Дили ман ба гуфтори ӯ ром шуд, Равонам бад-ин шоду пидром шуд. Бад-ин нома ман даст кардам дароз Ба номи шаҳаншоҳи гарданфароз. Худованди тоҷу худованди тахт, Ҷаҳондори пирӯзу бедорбахт. Зи Ховар биёрост то Бохтар, Падид омад аз фарри ӯ кони зар. Маро ахтари хуфта бедор гашт, Ба мағз-андар андеша бисёр гашт. Бидонистам, омад замони сухан, Кунун нав шавад рӯзгори куҳан. Бар андешаи шаҳрёри замин Бихуфтам шабе лаб пур аз офарин. Дили ман чу нур андар он тирашаб Бихуфта кушодадилу басталаб. Чунон дид равшан равонам ба хоб, Ки рахшанда шамъе баромад зи об. Ҳама рӯи гетӣ шаби лоҷвард Аз он шамъ гаштӣ чу ёқути зард. Дару дашт бар сони дебо шудӣ, Яке тахти пирӯза пайдо шудӣ. Нишаста бар ӯ шаҳрёре чу моҳ, Яке тоҷ бар сар ба ҷои кулоҳ. Рада баркашида сипоҳаш ду мил, Ба дасти чапаш ҳафтсад жандапил. Яке пок дастур пешаш ба пой, Ба доду ба дин шоҳро раҳнамой. Маро хира гаштӣ сар аз фарри шоҳ, В-аз он жандапилону чандон сипоҳ. Чу он чеҳраи хусравӣ дидаме, Аз он номдорон бипурсидаме, Ки «Ин чарху моҳ аст, ё тоҷгоҳ, Ситораст пеш-андараш, ё сипоҳ?»