Оғози достон
Сухангӯй деҳқон чӣ гӯяд нахуст,
Ки тоҷи бузургӣ ба гетӣ кӣ ҷуст?
Кӣ буд он ки дайҳим бар сар ниҳод?
Надорад кас аз рӯзгорон ба ёд.
Магар, к-аз падар ёд дорад писар,
Бигӯяд туро як ба як аз падар,
Ки номи бузургӣ кӣ овард пеш?
Киро буд аз он бартарон поя беш?!
Пижӯҳандаи номаи бостон,
Ки аз паҳлавонон занад достон,
Чунин гуфт, к-«Оини тахту кулоҳ
Каюмарс оварду ӯ буд шоҳ.
Чу омад ба бурҷи ҳамал офтоб,
Ҷаҳон гашт бо фарру оину об,
Битобид з-он сон зи бурҷи бара,
Ки гетӣ ҷавон гашт аз ӯ яксара.
Каюмарс шуд бар ҷаҳон кадхудой,
Нахустин ба кӯҳ - андарун сохт ҷой.
Сари тахту бахташ баромад зи кӯҳ,
Палангина пӯшид худ бо гурӯҳ.
Аз ӯ андаромад ҳаме парвариш,
Ки пӯшиданӣ нав буду нав х(в)ариш.
Ба гетӣ - дарун сол сӣ шоҳ буд,
Ба хубӣ чу хуршед бар гоҳ буд.
Ҳаметофт аз тахти шоҳаншаҳӣ
Чу моҳи дуҳафта зи сарви саҳӣ.
Даду дом ҳар ҷонвар, к-аш бидид,
Зи гетӣ ба наздики ӯ орамид.
Дуто мешудандӣ бари тахти ӯй,
Аз он баршуда фарраи бахти ӯй.
Ба расми намоз омадандиш пеш,
Аз он ҷойгаҳ баргирифтанд кеш.
Писар буд мар ӯро яке хубрӯй,
Ҳунарманду ҳамчун падар номҷӯй.
Сиёмак будаш ному фархунда буд,
Каюмарсро дил бад-ӯ зинда буд.
Зи гетӣ ба дидори ӯ шод буд,
Ки бас борвар шохи бунёд буд,