Кушта шудани Сиёмак бар дасти дев
Сухан чун ба гӯши Сиёмак расид
Зи кирдори бадхоҳ деви палид,
Дили шоҳбачча баромад ба ҷӯш,
Сипоҳ анҷуман карду бикшод гӯш.
Бипӯшид танро ба чарми паланг,
Ки ҷавшан набуд он гаҳ оини ҷанг.
Пазира шуда девро ҷангҷӯй,
Сипаҳро чу рӯй андаромад ба рӯй.
Сиёмак биёмад бараҳнатано,
Баровехт бо пури Оҳармано!
Бизад чанг воруна* деви сиёҳ,
Дуто андаровард болои шоҳ.
Фиканд он тани шоҳбачча ба хок,
Ба чангол кардаш ҷигаргоҳ чок.
Сиёмак ба дасти чунон зиштдев
Табаҳ гашту монд анҷуман бехидев,
Чу огаҳ шуд аз марги фарзанд шоҳ,
Зи тимор гетӣ бар ӯ шуд сиёҳ.
Фуруд омад аз тахт вайлакунон,
Ба нохун танаш гӯштпораканон.
Ду рухсор пурхуну дил сӯгвор,
Дижам карда бар хештан рӯзгор.
Сипаҳ сар ба сар зору гирён шуданд,
Бар он оташи сӯг бирён шуданд.
Хурӯше баромад зи лашкар ба зор,
Кашиданд саф бар дари шаҳрёр.
Ҳама ҷомаҳо карда пирӯзаранг,
Ду чашмон пур аз хуну рух бодранг.
Даду мурғу нахчир гашта гурӯҳ,
Бирафтанд вайлакунон сӯи кӯҳ.
Бирафтанд бо сӯгвориву дард,
Зи даргоҳи Кайшоҳ бархост гард.
Нишастанд соле чунин сӯгвор,
Паём омад аз довари кирдгор.
Дуруд оваридаш хуҷаста суруш,
К-аз ин беш махрӯшу боз ор ҳуш.
Сипаҳ созу баркаш ба фармони ман,
Баровар яке гард аз он анҷуман.