Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

Рафтани Ҳушанг ва Каюмарс ба ҷанги деви сиёҳ

Сиёмак хуҷаста яке пур дошт, Ки назди ниё ҷои дастур дошт. Гаронмояро ном Ҳушанг буд, Ту гуфтӣ, ҳама ҳушу фарҳанг буд. Ба назди ниё ёдгори падар, Ниё парварида мар ӯро ба бар. Ниёяш ба ҷои писар доштӣ, Ҷуз ӯ бар касе чашм нагмоштӣ. Чу бинҳод дил кинаву ҷангро, Бихонд он гаронмоя Ҳушангро. Ҳама гуфтаниҳо бад-ӯ бозгуфт, Ҳама розҳо баркушод аз нуҳуфт. Ки ман лашкаре кард хоҳам ҳаме, Хурӯше баровард хоҳам ҳаме. Туро буд бояд ҳаме пешрав, Ки ман рафтаниям, ту солори нав. Париву паланг анҷуман карду шер, Зи даррандагон гургу бабри далер. Сипоҳи даду дому мурғу парӣ, Сипаҳдор бо кабру кундоварӣ. Паси пушти лашкар Каюмарсшоҳ Набера ба пеш - андарун бо сипоҳ. Биёмад сияҳдев бо тарсу бок, Ҳаме б-осмон - бар пароканд хок. Зи ҳуррои даррандагон чанги дев Шуда суст бар чашми кайҳонхидев. Ба ҳам дарфитоданд ҳарду гурӯҳ, Шуданд аз даду дом девон сутӯҳ, Биёзид Ҳушанг чун шер чанг, Ҷаҳон кард бар деви настӯҳ танг. Кашидаш саропой яксар дувол, Сипаҳбад бурид он сари беҳамол. Ба пой - андар афканду биспард хор, Дарида бар ӯ чарму баргашта кор. Чу омад мар он кинаро хостор, Сар омад Каюмарсро рӯзгор. Бирафту ҷаҳон мурдарӣ монд аз ӯй, Нигар, то киро назди ӯ обрӯй?!