Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
БА ЗАНӢ ДОДАНИ ПИРОН ДУХТАРИ ХУДРО БА СИЁВУШ
Сиёвуш яке рӯзу Пирон ба ҳам Нишастанду гуфтанд бар бешу кам. Бад-ӯ гуфт Пирон, к-«Аз ин буму бар Чуноне ки бошад касе баргузар.
РАФТАНИ АФРОСИЁБ ВА СИЁВУШ БА ШИКОР
Бад-он шоҳзода чунин гуфт шоҳ, Ки «Як рӯз бо ман ба нахчиргоҳ Биё, то ки дил шоду хуррам кунем, Равонро ба нахчир беғам кунем.
ҲУНАР НАМУДАНИ СИЁВУШ ПЕШИ АФРОСИЁБ
Шабе бо Сиёвуш чунин гуфт шоҳ, Ки «Фардо бисозем ҳар ду пагоҳ. Або гӯю чавгон ба майдон шавем, Замоне битозему хандон шавем.
ДИДАНИ СИЁВУШ АФРОСИЁБРО
Чу шуд назди Афросиёб огаҳӣ, Ки омад Сиёвахш бо фарраҳӣ, Пиёда ба кӯй омад Афросиёб, Аз айвон миёнбаставу пуршитоб.
СИПОҲ СУПУРДАНИ СИЁВУШ БА БАҲРОМ
Яке нома бинвишт назди падар, Ҳама ёд кард андар ӯ дар ба дар, Ки ман бо ҷавонӣ хирад ёфтам, Зи кирдори бад рӯй бартофтам.
НОМАИ АФРОСИЁБ БА СИЁВУШ
Чу бишнид Афросиёб ин сухун, Яке рои бодониш афканд бун. Дабири ҷаҳондидаро пеш хонд, Забон баркушоду сухан барфишонд.
РАФТАНИ ЗАНГА ПЕШИ АФРОСИЁБ
Бишуд Занга бо номвар сад савор, Гаравгон бибурд аз дари шаҳрёр. Бибурдаш ҳама хоста, ҳар чӣ буд, Ки аз пеш Гарсеваз оварда буд.
РОЙ ЗАДАНИ СИЁВУШ БО БАҲРОМ ВА ЗАНГА
Ду танро зи лашкар зи кундоварон, Чу Баҳрому чун Зангаи Шоварон, Бар ин розашон хонд наздики хеш, Бипардохт айвону биншонд пеш,
ПОСУХИ НОМАИ СИЁВУШ АЗ КОВУС
Ҳаюне биёрост Ковусшоҳ Бифармуд, то боз гардад зи роҳ. Нависандаи номаро пеш хонд, Бари тахти хешаш ба курсӣ нишонд.
ФИРИСТОДАНИ КОВУС РУСТАМРО БА СИСТОН
Чу бишнид Ковус, шуд пур зи хашм, Барошуфт аз он кору бикшод чашм. Ба Рустам чунин гуфт шоҳи ҷаҳон, Ки «Эдар намонад сухан дар ниҳон,
ПАЁМ ДОДАНИ РУСТАМ КОВУСРО
В-аз ин рӯй чун Рустами шермард Биёмад бари шоҳи Эрон чу гард, Ба пеш андаромад ба каш карда даст, Баромад сипаҳбад зи ҷои нишаст.
ФИРИСТОДАНИ СИЁВУШ РУСТАМРО БА НАЗДИ КОВУС
Сиёвуш нишаст аз бари тахти оҷ, Биёвехт ӯ аз бари оҷ тоҷ. Ҳаме рой зад, то яке чарбгӯй Касе, к-ӯ суханро диҳад рангу бӯй.
ПАЙМОН КАРДАНИ СИЁВУШ БО АФРОСИЁБ
Ба шабгир Гарсеваз омад ба дар Ба сар-бар кулоҳу бубаста камар. Биёмад ба пеши Сиёвуш, замин Бибӯсиду бар шоҳ кард офарин.
ОМАДАНИ ГАРСЕВАЗ НАЗДИ СИЁВУШ
Биёвард Гарсеваз он хоста, Ки рӯи замин з-он шуд ороста. Дамон то лаби рӯди Ҷайҳун расид, Зи гурдон фиристодае баргузид.
РОЙ ЗАДАНИ АФРОСИЁБ БО МЕҲТАРОН
Чу бугзашт ниме зи гардонсипеҳр, Дурахшанда хуршед бинмуд чеҳр, Бузургон ба даргоҳи шоҳ омаданд, Парастандаву бокулоҳ омаданд.
ПУРСИДАНИ АФРОСИЁБ МӮБАДОНРО АЗ ХОБ
Касоне, к-аз ин дониш огаҳ буданд, Пароканда ё бар дари шаҳ буданд, Шуданд анҷуман бар дари шаҳрёр, Бад-он то чаро кардашон хостор.
ХОБ ДИДАНИ АФРОСИЁБ ВА ТАРСИДАН
Чу як баҳра бугзашт аз тирашаб Чунон чун касе, к-он биларзад ба таб, Хурӯше баромад зи Афросиёб, Биларзид бар ҷои орому хоб.
ПОСУХИ НОМАИ СИЁВУШ АЗ КАЙКОВУС
Чу нома бари шоҳи Эрон расид, Сари тоҷу тахташ ба кайвон расид. Ба Яздон паноҳид, аз ӯ ҷуст бахт, Бад-он то ба бор ояд он навдарахт.
НОМАИ СИЁВУШ БА КОВУС
Сиёвуш чу дар Балх шуд бо сипоҳ, Яке нома фармуд наздики шоҳ. Навиштанд нома ба мушку абир, Чунон чун сазовор буд бар ҳарир.
ЛАШКАР КАШИДАНИ СИЁВУШ
Баромад хурӯшидани бӯқу кӯс Биёмад сипаҳбад сарафроз Тус. Ба даргоҳ-бар анҷуман шуд сипоҳ, Дари ганҷу динор бикшод шоҳ.
ОГОҲӢ ЁФТАНИ КОВУС АЗ ОМАДАНИ АФРОСИЁБ
Ба меҳр - андарун буд шоҳи ҷаҳон, Ки бишнид гуфтори корогаҳон, Ки Афросиёб омаду сад ҳазор Гузида зи туркон шумурда савор.
БАХШИ ҶОНИ СУДОБА ХОСТАНИ СИЁВУШ АЗ ПАДАР
Чаҳорум ба тахти каӣ барнишаст, Яке гурзаи говпайкар ба даст. Барошуфту Судобаро пеш хонд, Гузашта суханҳо бад-ӯ боз ронд.
ГУЗАШТАНИ СИЁВУШ БАР ОТАШ
Пурандеша шуд ҷони Ковуси кай Зи фарзанду Судобаи шумпай. Аз ин ду яке гар шавад нобакор, Аз ин пас кӣ хонад маро шаҳрёр?
ПУРСИДАНИ КОВУС КОРИ БАЧЧАГОНРО
Аз он пас нигаҳ кард Ковусшоҳ Касеро, ки кардӣ ба ахтар нигоҳ, Биҷусту зи Эрон бари хеш хонд, Бипурсиду бар тахти заррин нишонд.
ЧОРА СОХТАНИ СУДОБА ВА ЗАНИ ҶОДУ
Чу донист Судоба, к-ӯ гашт хор, Наёвехт бо вай дили шаҳрёр, Яке чора ҷуст андар он кори зишт, Зи кина ба наввӣ дарахте бикишт.