987. ХОСТАНИ БУЗУРГОН АЗ ШИРӮЙ МАРГИ ХУСРАВ ВА КУШТА ШУДАНИ Ӯ БА ДАСТИ МЕҲРҲУРМУЗД
Ҳар он кас, ки буд назди он шаҳрёр,
Шабу рӯз тарсон буд аз рӯзгор.
Чу Ширӯй тарсандаву хом буд,
Ҳамон тахт пеш - андараш дом буд.
Бидонист мардумшумар, ҳар кӣ буд,
Ки рӯзи бузургӣ нахоҳад ғунуд.
Бирафтанд ҳар кас, ки бад карда буд,
Бад-он кор тоб андароварда буд.
Зи даргоҳ яксар ба пеши Қубод
Аз он кори бедод карданд ёд,
Ки як бор гуфтему ин дигар аст,
Туро худ ҷуз ин доварӣ дар сар аст.
Нишаста ба як тахти зар-бар ду шоҳ,
Яке гоҳдору яке зергоҳ.
Чу хешӣ физояд падар бо писар,
Ҳама бандагонро бибурранд сар.
Наем андар ин кор ҳамдостон,
Мазан пеши мо з-ин сипас достон.
Битарсид Ширӯю тарсанда буд,
Ки дар ҷанги эшон яке банда буд.
Чунин дод посух, ки «шере ба дом
Наёрад магар мардуми зиштном.
Шуморо сӯи хона бояд шудан,
Бад-ин - андарун рой бояд задан.
Биҷӯед, то кист андар ҷаҳон,
Ки ин ранҷ бар мо сар орад ниҳон.
Кушанда ҳаме ҷуст бадхоҳи шоҳ,
Бад-он, то кунандаш ниҳонӣ табоҳ.
Кас андар ҷаҳон заҳраи он надошт,
Зи мардӣ ҳамон баҳраи он надошт,
Ки хуни чунин хусраве рехтӣ,
Ҳаме кӯҳ дар гардан овехтӣ.
Зи ҳар сӯ ҳаме ҷуст бадхоҳи шоҳ,
Чунин то бидиданд марде ба роҳ.
Ду чашмаш кабуду ду рухсора зард,
Тане хушку пурмӯву лаб ложвард.
Пур аз хок пою шикам гурсна,
Сари марди бедодгар барҳана.