Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

986. ШЕВАНИ БОРБАД БАР ХУСРАВ

Кунун шевани Борбад гӯш дор, Сари меҳри меҳтар ба оғӯш дор. Чу огоҳ шуд Борбад з-он ки шоҳ Бипардохт нокому берой гоҳ, Зи Ҷаҳрам биёмад сӯи Тайсафун, Пур аз об мижгону дил пур зи хун. Биёмад бад-он хона ӯро бидид, Шуда лаълрухсори ӯ шанбалид. Замоне ҳаме буд бар пеши шоҳ, Хурӯшон биёмад сӯи боргоҳ. Ҳаме паҳлавонӣ бар ӯ мӯя кард, Ду рухсораи зарду дил пур зи дард. Ҳаме гуфт: «Ало, эй радо, Хусраво! Бузурго, сутурго, диловар гаво! Куҷот он бузургиву он дастгоҳ, Куҷот он ҳама фарру бахту кулоҳ! Куҷот он ҳама бурзу болову тоҷ! Куҷо он ҳама ёраву тахти оҷ! Куҷот он шабистону ромишгарон! Куҷот он дижу боргоҳи сарон! Куҷот афсару коваёнӣ дирафш! Куҷот он ҳама теғҳои бунафш! Куҷот он сарафроз Ҷонусупор! Ки бо тахти зар буду бо гӯшвор. Куҷот он сари хӯду заррин зиреҳ! Зи гавҳар фиканда гиреҳ бар гиреҳ! Қуҷот аспи Шабдези зарринрикеб, Ки зери ту андар будӣ ношикеб! Куҷот он саворони зарринситом, Ки душман шудӣ теғашонро ниём! Ҳама гашта аз ҷони ту ноумед, Куҷот он ҳаюнону пили сапед! Куҷот он ҳама роҳвор уштурон, Имории заррину фармонбарон! Куҷот он сухангӯи ширинзабон, Куҷот он дилу ройи равшанравон! Зи ҳар чиз танҳо чаро мондӣ? Зи дафтар чунин рӯз кай хондӣ?