Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

985. АФСӮС ХӮРДАНИ ШИРӮЯ БАР ХУСРАВИ ПАРВИЗ ВА НОХУШ ШУДАНИ САРДОРОН АЗ ОН

Чу бишнид Ширӯй, бигрист сахт, Дилаш гашт тарсон аз он тоҷу тахт. Чу аз пеш бархостанд он гурӯҳ, Ки ӯро ҳаме доштандӣ сутӯҳ. Ба гуфтори зишту ба хуни падар Ҷавонро ҳаме сӯхтандӣ ҷигар. Падар кушта гардад ба дасти писар, Писар ҳам бад-он сон ба дасти падар. Бадандеши мо он куҷо гуфт, кард, Зи кирдори нохубу овои сард. Чу мо рафта бошем, кайфар баранд, На бас рӯзгор аз ҷаҳон барх(в)аранд. Чу бар мо сар омад шаҳиву меҳӣ, Чи Ширӯ, чи дигар ба шоҳаншаҳӣ. Фуруд омад аз тахти шоҳӣ Қубод, Ду дасти гиромӣ ба сар барниҳод. Зи мижгон ҳаме бар бараш хун чакид, Чу огоҳии он ба лашкар расид, Аз он гиряву зории шаҳрёр, Шуданд он ҳама лашкараш тарсгор. Ба як ҷой яксар ба гирд омаданд, Зи Хусрав ҳаме достонҳо заданд. Ки Парвиз агар барнишинад ба гоҳ, Вувад дор ҷои сарони сипоҳ. Чу барзад сар аз тиракӯҳ офтоб, Бадандешро сар баромад зи хоб. Бирафтанд яксар сӯи боргоҳ, Чу бишнид, биншаст бар тахт шоҳ. Бирафтанд гарданкашон пеши ӯ, Зи гурдони бегонаву хеши ӯ. Нишастанд бо рӯи карда дижам, Забоншон наҷунбид бар бешу кам. Бад-эшон чунин гуфт, к-«он шаҳрёр, Куҷо бошад аз пушти парвардгор, Ки ғамгин набошад ба дарди падар, Нахонам-ш ҷуз бадтану бадҳунар. Набояд, ки дорад бад-ӯ кас умед, Ки ӯ пудатар бошад аз пудабед».