984. ПОСУХ ФИРИСТОДАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ҚУБОДРО
Биёрам кунун посухи ин ҳама,
Бад-он то бигӯед пеши рама.
Пас аз марги ман ёдгорӣ бувад,
Сухан гуфтани рост ёрӣ бувад.
Чу пайдо кунам бар ту анбӯҳи ранҷ,
Бидонӣ, ки аз ранҷи мо хост ганҷ.
Нахустин, ки гуфтӣ зи Ҳурмуз сухан,
Аз он хашму он орзуи куҳан
Зи гуфтори бадгӯй бар мо падар
Биёшуфту шуд кор зеру забар.
Аз андешаи ӯ чу огаҳ шудем,
Аз Эрон шаби тира бераҳ шудем.
Ҳаме роҳ ҷустему бугрехтем,
Ба доми бало-бар наёвехтем.
Шунидам, ки бар шоҳи ман бад расид,
Зи Бардаъ бирафтам, чу гӯш он шунид.
Гунаҳкор Баҳром буд бо сипоҳ,
Биёрост бар пеши мо размгоҳ.
Аз ӯ низ бугрехтам рӯзи ҷанг,
Бад-он то наёям ман ӯро ба чанг.
В-аз он пас дигарбора бозомадам,
Диловар ба ҷангаш фароз омадам.
На пархоши Баҳром якбора буд,
Ҷаҳоне бар он ҷанг наззора буд.
Ба фармони Яздони некифизой,
Ки ӯяст бар неку бад раҳнамой.
Чу Эрону Нерон ба мо ром гашт,
Ҳама коми Баҳром ноком гашт.
Чу аз ҷанги Чӯбина пардохтам,
Нахустин ба кини падар тохтам.
Чу Биндӯю Густаҳм холон буданд,
Ба ҳар кишваре беҳамолон буданд.
Фидо карда ҷонро ҳаме пеши ман,
Ба дил меҳрубону ба тан хеши ман.
Чу хуни падар буду дарди ҷигар,
Накардем сустӣ ба хуни падар.
Буридем Биндӯйро дасту пой,
Ки ӯ кард бар шоҳ торик ҷой.