Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

983. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ШИРӮЯ ВА АНДАРЗ КАРДАН ВА ФИРИСТОДАНИ САРОН НАЗДИ ПАДАР БА ПАНД ВА ПӮЗИШ

Чу Ширӯй биншаст бар тахт шод, Ба сар барниҳод он кайӣ тоҷи дод. Бирафтанд гурдони эрониён, Бар ӯ хонданд офарини каён. Чунин гуфт ҳар як ба бонги баланд, Ки «эй пурҳунар, хусрави арҷманд! Чунон ҳам, ки Яздон туро дод тоҷ, Нишастӣ ба ором бар тахти оҷ. Бимонод гетӣ ба фарзанди ту, Чунин ҳам ба хешу ба пайванди ту». Чунин дод посух бад-эшон Қубод, Ки «ҳамвора пирӯз бошеду шод. Набошем то ҷовидон бадкуниш, Чу некӯ бувад дод бо хушманиш. Ҷаҳонро бидорем бо эманӣ, Бибуррем кирдори оҳарманӣ. Зи боиста оини пешини мо, Ки афзун кунад фарраи дини мо, Паёме фиристам ба назди падар, Бигӯям бад-ӯ ин сухан дар ба дар. Зи нохуб коре, ки ӯ рондааст, Ба бад номи ӯ дар ҷаҳон мондааст, Ба Яздон кунад пӯзиш ӯ аз гуноҳ, Гироянда гардад ба оину роҳ. Чу ӯ ром гардад ба гуфтори ман, Беозор гардад дилозори ман. Бипардозам огаҳ ба кори ҷаҳон, Бикӯшам ба дод ошкору ниҳон. Ба ҷои накӯкор некӣ кунам, Дили марди дарвешро нашканам. Ду тан боядам роду некӯсухан, Куҷо ёд доранд кори куҳан». Бад-он анҷуман гуфт, к-«ин кори кист, Зи эронсарон поку бедор кист?» Намуданд гурдон саросар ба чашм, Ду устодро гар нагиранд хашм. Бидонист Ширӯй, к-эрониён Киро баргузиданд пок аз миён.