988. ДОСТОНИ ШИРӮЯ БО ШИРИН, ЗАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ВА КУШТА ШУДАНИ ШИРӮЯ
Чу овардам ин рӯзи Хусрав ба бун,
Ба Ширую Ширин кушоям сухун.
Чу панҷоҳу се рӯз бугзашт аз ин,
Ки шуд кушта он шоҳи боофарин,
Ба Ширин фиристод Ширӯй кас,
Ки «эй риману ҷодувӣ дастрас!
Ҳама ҷодуӣ дониву бадхуӣ,
Ба Эрон гунаҳгортар кас туӣ.
Ба тунбал ҳаме доштӣ шоҳро,
Ба чора фуруд оварӣ моҳро.
Битарс, эй гунаҳкор, назди ман ой,
Ба айвон чунин шоду эмин мапой».
Барошуфт Ширин зи пайғоми ӯй
В-аз он бегунаҳ зишт дашноми ӯй.
Чунин гуфт, к-«он кас, ки хуни падар
Бирезад, мабодош болову фар.
Набинам ман ин бадкунишро зи дур,
На ҳангоми мотам, на ҳангоми сур».
Дабире биёвард андуҳбаре,
Ҳамон сохта паҳлавӣ дафтаре.
Бад-он марди донанда андарз кард,
Ҳама хоста пеши ӯ арз кард.
Ҳаме дошт лахте ба сандуқ заҳр,
Ки заҳраш набоист ҷустан ба шаҳр.
Ҳаме дошт он заҳр бо хештан,
Ҳама дӯхт сарви чаманро кафан,
Фиристод посух ба Ширӯй боз,
Ки «эй тоҷвар, шоҳи гарданфароз!
Суханҳо, ки гуфтӣ ту, барг асту бод,
Дилу ҷони он бадкуниш паст бод!
Куҷо ҷодуӣ дар ҷаҳон, ҷуз ба ном,
Шунудасту будаш аз ин шодком.
В-агар шоҳ аз ин расму андоза буд,
Ки ройи вай аз ҷодуӣ тоза буд.
Ки ҷоду будӣ кас ба мушкуи шоҳ.
Ба дида бидидӣ ҳаме рӯи шоҳ.
Маро аз пайи фарраҳӣ доштӣ,
Ки шабгир чун хашм нагмоштӣ.