989. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ АРДАШЕРИ ШИРӮЙ ВА АНДАРЗ КАРДАН БА САРДОРОН
Чу биншаст бар тахт шоҳ Ардашер,
Аз Эрон бирафтанд барнову пир.
Басе номдорони гашта куҳан
Бад-он: то чӣ гуна барояд сухан.
Забон баркушод Ардашери ҷавон,
Чунин гуфт к-«эй кордида гавон!
Ҳар он кас, ки бар тахти шоҳӣ нишаст,
Кушодазабон боду яздонпараст.
Бар оини шоҳони пешин равем,
Ҳамон аз паси фарраи дин равем.
Ба Яздони некидиҳиш ёд бод,
Ҳама кардану кори мо дод бод!
Гаронмоягонро гиромӣ кунам,
Парастандагон низ номӣ кунам.
Ба Парвизи Хусрав супурдам сипоҳ,
Ки аз дод шод асту шодон зи шоҳ.
Ба Эрон чу бошад чун ӯ паҳлавон,
Бимонед шодону равшанравон».
Басе кас ба гуфтораш ором ёфт
В-аз ороми ӯ ҳар касе ном ёфт.