990. НОХУШ БУДАНИ ГУРОЗ АЗ ПОДШОҲИИ АРДАШЕР ВА БА ЧОРАИ Ӯ КУШТА ШУДАНИ АРДАШЕР БА ДАСТИ ФИРӮЗИ ХУСРАВ
Пас огоҳӣ омад ба сӯи Гуроз,
К-аз ӯ буд Хусрав ба гурму гудоз.
Фиристод гӯяндаеро зи Рум,
Ки дар хок шуд тоҷи Ширӯйи шум,
Ки ҷонаш ба дӯзах гирифтор бод,
Сари дахмаи ӯ нагунсор бод!
Чу Хусрав, ки чашму дили рӯзгор
Набинад чун ӯ низ як шаҳрёр,
Ки моро расид аз вай ин сарварӣ,
Аз ӯ бозгаштам ба фармонбарӣ,
Кӣ донист ҳаргиз, ки сарви баланд
Ба боғ аз гиё ёфт хоҳад газанд?!
Замона фуруд орад ӯро зи тахт,
Битобад ба якбора з-ӯ рӯй бахт.
Зи лашкар яке гар зи фармони мо
Бурун ояд аз аҳду паймони мо
Ҷуз аз куштани ӯ набошад раво,
Чунин аст бодафраи носазо.
Шавад чархи гарданда бо ӯ ба кин,
Кунад баҳри ӯро ниҳон дар замин.
Бигирад аз ӯ меҳтарӣ ҳуру моҳ,
Ситонад зи шоҳе чунон тоҷу гоҳ.
Чу Ширӯйро шаҳрёрӣ диҳад,
Ҳама шаҳри Эрон ба хорӣ диҳад.
Набудам ман огаҳ зи Парвизшоҳ,
Зи гуфтори он бадтанон шуд табоҳ.
Чу ӯ рафту шуд тоҷдор Ардашер,
На з-ӯ шод бошанд барнову пир.
Нахоҳам, кӣ бошад чун ӯ шаҳрёр,
Агарчанд бешоҳ шуд рӯзгор,
Ки ӯро басе доварӣ дар сар аст,
Ҳамон рой бо лашкари дигар аст.
Маро гар зи Эрон расад ранҷ баҳр,
Намонам, ки бар вай ҷаҳад бод шаҳр.
Биёям кунун бо сипоҳи гарон,
Зи Руму зи Эрон гузида сарон.
Бубинем, то кист он кадхудой,
Ки бошад писандаш бад-ин гуна рой.