998. НОМАИ РУСТАМ БА САЪДИ ВАҚҚОС
Фиристодае низ чун барқу раъд
Фиристод тозон ба наздики Саъд.
Яке номае бар ҳарири сафед
Нависанда бинвишт тобон чу шед.
Ба унвон-бар аз пури Ҳурмуздшоҳ,
Ҷавонпаҳлавон Рустами некхоҳ.
Сӯи Саъди Ваққоси ҷӯяндаҷанг,
Ҷаҳон карда бар хештан тору танг.
Сари нома гуфт: Аз ҷаҳондори пок
Набояд, ки бошем бетарсу бок.
К-аз ӯяст бар пой гардонсипеҳр,
Ҳама подшоҳиш додасту меҳр.
В-аз ӯ бод бар шаҳрёр офарин,
Ки зебои тоҷ асту тахту нигин.
Ки дорад ба фар Аҳриманро ба банд
Худованди шамшеру тоҷи баланд.
Ба пеш омад ин нописандида кор,
Ба беҳуда ин ранҷу ин корзор.
Ба ман бозгӯй ин, ки шоҳи ту кист,
Чӣ мардиву оину роҳи ту чист?
Ба назди кӣ ҷӯӣ ҳаме дастгоҳ,
Бараҳна сипаҳбад, бараҳна сипоҳ?
Ба ноне ту сериву ҳам гурсуна,
На пилу на тахту на бору буна.
Ба Эрон туро зиндагонӣ бас аст,
Ки тоҷу нигин баҳри дигар кас аст,
Ки бо пилу ганҷ асту бо фарру гоҳ,
Падар бар падар номбардор шоҳ.
Ба дидори ӯ дар фалак моҳ нест,
Ба болои ӯ бар замин шоҳ нест.
Ҳар он гаҳ, ки бар базм хандон шавад,
Кушодалабу симдандон шавад.
Бубахшад баҳое сари тозиён,
Ки бар ганҷи ӯ з-ин наёяд зиён.
Сагу юзу бозаш даҳу ду ҳазор,
Ки бо занги зарранду бо гӯшвор.
Ба соле ҳама дашт найзаварон
Наёбанд хӯрд аз карон то карон,