999. ПОСУХИ НОМАИ РУСТАМ АЗ САЪДИ ВАҚҚОС
Чу бишнид Саъд-он гаронмоя мард,
Пазира шудаш бо сипоҳе чу гард.
Фуруд оваридаш ҳам андар замон,
Зи лашкар бипурсиду аз паҳлавон.
Ҳам аз шоҳу дастур в-аз лашкараш,
Зи солори бедору аз кишвараш.
Ридо зери Пирӯз бифканду гуфт,
Ки «мо найзаву теғ дорем ҷуфт.
Зи дебо нагӯянд мардони мард,
Зи зарру зи симу зи хобу зи х(в)ард».
Суханҳош бишниду нома бихонд,
Ба посух фаровон ситоиш биронд.
Ба тозӣ яке нома посух навишт,
Падидор кард андар ӯ хубу зишт.
Зи ҷиннӣ сухан гуфту аз одамӣ,
Зи гуфтори пайғамбари ҳошимӣ.
Зи тавҳиду Қуръону ваъду ваъид,
Зи тобиду аз расмҳои ҷадид.
Зи қатрону оташ ва аз замҳарир,
Зи фирдавсу ҷӯи маю ҷӯи шир.
Зи кофури маншуру моъи маъин,
Дарахти биҳишту маю ангубин,
Ки гар шоҳ бипзирад ин дини рост,
Ду олам ба шоҳиву шодӣ варост.
Ҳамон тоҷ ёбад, ҳамон гӯшвор,
Ҳамасола бӯй асту рангу нигор.
Шафеъ аз гуноҳаш Муҳаммад бувад,
Танаш чун гулоби мусаъъад бувад.
Ба коре, ки подош ёбӣ биҳишт,
Набояд ба боғи бало кина кишт.
Тани Яздгирду ҷаҳони фарох,
Чунин боғу айвону майдону кох.
Ҳама тахту тоҷу ҳама ҷашну сур
Нахаррам ба дидори як мӯи ҳур.
Ду чашми ту андар сарои сипанҷ
Чунин хира гашт аз сари тоҷу ганҷ.
Пас эмин шудастӣ бад-ин тахти оҷ,
Бад-ин юзу бозу бад-ин бахту тоҷ.