1000. РАЗМИ РУСТАМ БО САЪДИ ВАҚҚОС ВА КУШТА ШУДАНИ РУСТАМ
Чу Шӯъба зи наздики ӯ гашт боз,
Сипаҳро бифармуд, то кард соз.
Бифармуд, то баркашиданд пой,
Сипоҳ андаромад зи ҳар сӯ ба ҷой.
Баромад яке абру баршуд хурӯш,
Ҳаме карр шуд мардуми тезгӯш.
Синонҳои алмос дар тирагард,
Ту гуфтӣ, ситораст бар ложвард.
Ҳаме найза бар миғфари обдор
Биёмад ба захм-андарун тобдор.
Се рӯз андар он ҷойгаҳ буд ҷанг,
Ба эрониён-бар бибуд об танг.
Шуд аз ташнагӣ дасти гурдон зи кор,
Ҳам аспи гаронмоя аз корзор.
Лаби Рустам аз ташнагӣ шуд чу хок,
Даҳон хушку гӯё, забон чок-чок.
Чунон танг шуд рӯзгори набард,
Гили тар ба хӯрдан гирифт аспу мард.
Хурӯше баровард бар сони раъд
Аз ин рӯй Рустам, аз он рӯй Саъд.
Бирафтанд ҳар ду зи қалби сипоҳ,
Ба яд сӯ кашиданд аз овардгоҳ.
Чу аз лашкар он ҳар ду танҳо шуданд,
Ба зери яке тундболо шуданд.
Ҳаме тохтанд андар овардгоҳ
Ду солор, ҳар ду ба дил кинахоҳ.
Хурӯше баромад зи Рустам чу раъд,
Яке теғ зад бар сари аспи Саъд.
Чу аспи набард андаромад ба сар,
Ҷудо гашт аз ӯ Саъди пархошх(в)ар.
Бароҳехт Рустам яке теғи тез,
Бад-он, то намояд яке растахез.
Ҳаме хост аз тан сарашро бурид,
Зи гарди сиёҳ ин мар онро надид.
Фуруд омад аз пушти зини паланг,
Бизад бар камар, бар сари полаҳанг.
Бипӯшид дидори Рустам зи гард,
Бишуд Саъд пӯён ба дашти набард.