1001. РОЙ ЗАДАНИ ЯЗДГИРД БО ЭРОНИЁН ВА РАФТАН СӮИ ХУРОСОН
Фарухзоди Ҳурмузд бо оби чашм
Аз Арвандрӯд андаромад ба хашм.
Ба Карх андаромад, яке ҳамла бурд,
Ки аз найзадорон намонд эч гурд.
Якояк зи Бағдод берун шуданд,
Сӯи разм ҷустан ба ҳомун шуданд.
Фарухзод баргашту шуд назди шоҳ
Пур аз гард бо олати размгоҳ.
Фуруд омаду бурд пешаш намоз,
Ду дида пур аз хуну дил пургудоз.
Бад-ӯ гуфт: «Чандин чӣ мӯӣ ҳаме,
Ки тахти каёнро бишӯӣ ҳаме.
Зи тухми каён кас ҷуз аз ту намонд,
Ки бо тоҷу бар тахт шояд нишонд.
Туӣ як тану душманат сад ҳазор,
Миёни ҷаҳон чун кунӣ корзор?
Бирав то сӯи бешаи Норван,
Ҷаҳоне шавад бар ту-бар анҷуман.
В-аз он ҷойгаҳ чун Фаридун бирав,
Ҷавонӣ, яке кор барсоз нав».
Фарухзод гуфту сипаҳбад шунид,
Яке тоза андеша омад падид.
Биёмад шаҳаншоҳи бофар ба гоҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.
Аз он ҷо ба Карх андаромад сипоҳ,
Ҳам аз порсӣ, ҳам зи тозӣ ба роҳ.
Яке анҷуман кард бо бихрадон,
Бузургону бедордил мӯбадон.
«Чӣ бинед, - гуфт,-- андар ин достон?
Чӣ доред ёд аз гаҳи бостон?»
Фарухзод гӯяд, ки «бо анҷуман
Гузар кун бари бешаи Норван.
Ба Омул парастандагони туанд,
Ба Сорӣ ҳама бандагони туанд.
Чу лашкар фаровон бувад, бозгард,
Ба мардум тавон кард нангу набард».
Шуморо писанд ояд ин гуфти ӯй?
Ба овоз гуфтанд, к-«ин аст рӯй».