1002. НОМАИ ЯЗДГИРД БА МОҲУИ СУРӢ ВА БА МАРЗБОНОНИ ХУРОСОН
Ҷаҳондор чун кард оҳанги Марв,
Ба Моҳуи Сурӣ куноранги Марв
Яке нома бинвишт бо дарду хашм,
Пур аз орзу дил, пур аз об чашм.
Дабири ҷаҳондидаро пеш хонд,
Дил оганда будаш, ҳаме барфишонд.
Нахуст офарин кард бар кирдгор,
Худованди донову парвардгор.
Худованди гарданда Баҳрому Ҳур,
Худованди пилу худованди мӯр.
Кунад, чун бихоҳад, зи ночиз чиз,
Ки омӯзгораш набояд баниз.
Бигуфт он ки моро биёмад ба рӯй
В-аз ин подшоҳӣ бишуд рангу бӯй.
Зи Рустам куҷо кушта шуд рӯзи ҷанг,
Зи тимор бар мо ҷаҳон гашт танг.
Ба дасти яке, Саъди Ваққос ном
На буму на зоду на дониш, на ком.
Кунун то дари Тайсафун лашкар аст,
Ҳамон роғу беша ба пеш андар аст.
Ту бо лашкарат размро соз кун,
Сипаҳро бар ин-бар ҳамовоз кун.
Ман, инак, паси нома бар сони бод
Биёям ба назди ту, эй покзод!
Фиристодаи дигар аз анҷуман
Гузин кард бинодилу ройзан.