Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

1003. НОМАИ ЯЗДГИРД БА МАРЗБОНОНИ ТӮС

Яке нома бинвишт дигар ба Тӯс Пур аз хун дилу рӯй чун сандарӯс. Нахуст офарин кард бар додгар, К-аз ӯ дид нерӯву бахту ҳунар. Худованди пирӯзиву фарраҳӣ, Худованди дайҳими шоҳаншаҳӣ. Пайи пашша то парри паррон уқоб, Ба хушкӣ чу пилу наҳанг андар об, Зи фармону паймони ӯ нагзарад, Дами хеш бе ройи ӯ нашмарад. Зи шоҳи ҷаҳон Яздгирди бузург Падар номвар шаҳрёри сутург. Сипаҳдори Эрону пирӯзгар, Нигаҳбони ҷунбандаву буму бар. Зи тухми бузургони яздоншинос, Ҳаме тоҷдорон аз ахтаршинос, К-аз эшон шуд обод рӯи замин, Фурӯзандаи тоҷу тахту нигин. Сӯи марзбонони бодастгоҳ, Ки бо фарру бурзанду бо доду роҳ. Шамирону Рӯиндижу Робакӯҳ, Калот аз дигар дасту дигар гурӯҳ. Нигаҳбони мо бод парвардгор, Шумо бегазанд аз бади рӯзгор. Ҳамоно шуниданд гарданкашон, Ханида шуд андар ҷаҳон ин нишон, Ки бар корзориву марду нажод, Дили мо пурозарму меҳр асту дод. Бавижанажоди шуморо, ки ранҷ Фузун аст наздики шоҳон зи ганҷ. Чу Баҳроми Чӯбина омад падид, Зи фармону дайҳими шаҳ сар кашид. Шуморо сар аз шаҳрҳои фарох Бупечиду аз боғу майдону кох. Бад-ин бенишон роғу кӯҳи баланд Када сохтед аз ниҳеби газанд. Гар эдун, ки нерӯ диҳад кирдгор, Ба коми дили мо шавад рӯзгор.