1004. РАФТАНИ ЯЗДГИРД БА ТӮС ВА ПАЗИРА ШУДАНИ МОҲУИ СУРӢ ӮРО
Аз он ҷойгаҳ баркашиданд кӯс,
Ба Бусту Нишопур шуд то ба Тӯс.
Хабар ёфт Моҳуи Сурӣ зи шоҳ,
Ки аз марзи Тӯс андаромад сипоҳ.
Пазира шудаш бо сипоҳе гарон,
Ҳама найзадорону ҷавшанварон.
Чу пайдо шуд он фарру авранги шоҳ,
Дирафши бузургеву чандин сипоҳ.
Пиёда шуд аз асп Моҳуй зуд,
Бад-он кеҳтарӣ бандагиҳо фузуд.
Ҳаме рафт нарм аз бари хоки гарм,
Ду дида пур аз об карда зи шарм.
Заминро бибӯсиду бурдаш намоз,
Ҳаме буд пешаш замоне дароз.
Сипоҳаш ҳама хонданд офарин,
Якояк ниҳоданд сар бар замин.
Фарухзод чун рӯи Моҳуй дид,
Саросар сипоҳаш рада баркашид.
Зи Моҳуи Сурӣ дилаш гашт шод,
Бар ӯ-бар басе пандҳо кард ёд,
Ки ин шоҳро аз нажоди каён
Супурдам туро, то бубандӣ миён.
Набояд, ки боде бар ӯ барҷаҳад
В-агар кас сипосе бар ӯ барниҳад.
Маро рафт бояд сӯи марзи Рай,
Надонам, ки кай донам ин тоҷи Кай,
Ки чун ман фаровон ба овардгоҳ
Шуд аз ҷанги он найзадорон табоҳ.
Чу Рустам саворе ба гетӣ набуд,
На гӯши хирадманд ҳаргиз шунуд.
Ба дасти яке зоғсар кушта шуд,
Ба мо-бар чунин рӯз баргашта шуд,
Ки Яздон варо ҷои некон диҳод,
Сияҳзоғро дарди пайкон диҳод!
Бад-ӯ гуфт Моҳуй, к-«эй паҳлавон,
Маро шоҳ чашм асту равшан равон.
Пазируфтам ин зинҳори туро,
Сипеҳри туро, шаҳрёри туро.