Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

1005. БАРАНГЕХТАНИ МОҲУИ СУРӢ БЕЖАНРО БА ҶАНГИ ЯЗДГИРД ВА ГУРЕХТАНИ ШОҲ ДАР ОСИЁ

Яке паҳлавон буд густурдаком, Нажодаш зи Тархону Бежан ба ном. Нишасташ ба шаҳри Самарқанд буд, Дар он марз чандеш пайванд буд. Чу Моҳуи бадбахт худкома шуд, Аз ӯ назди Бежан яке нома шуд. Ки эй паҳлавонзодаи бегазанд, Яке разм пеш омадат судманд, Ки шоҳи ҷаҳон бо сипоҳ эдар аст, Або тоҷу гоҳ асту бо афсар аст. Гар оӣ, сару тоҷу гоҳаш турост, Ҳамон ганҷу чатри сиёҳаш турост. Зи кини ниёкон ба дил ёд кун, Бад-ин тухма бар дод бедод кун. Чу Бежан нигаҳ карду он нома дид, Ҷаҳон пеши Моҳуи худкома дид. Ба дастур гуфт: «Эй сари ростон, Чи дорӣ ба ёд андар ин достон? Чу Моҳуй мар шоҳро монда дид, Ба бекоми ӯ бахти ӯ ронда дид. Ба ёрии Моҳуй гар ман сипоҳ Биронам, шавад корам эдар табоҳ?» Чунин дод дастур посух бад-ӯй, Ки «эй шердил, марди пархошҷӯй! Аз эдар туро нанг бошад шудан Ба ёрии Моҳую боз омадан. Ба гуфтори Сурӣ шавӣ сӯи ҷанг, Сабуксор хонад туро марди санг. Ба Барсом фармой, то бо сипоҳ Ба ёрӣ шавад сӯи ин размгоҳ». Чунин гуфт Бежан, ки «ин аст рой, Маро худ наҷунбид бояд зи ҷой». Ба Барсом фармуд, то даҳ ҳазор Набардасаворони ханҷаргузор Ба Марв ораду сози ҷанг оварад, Магар тахти Эрон ба чанг оварад. Сипоҳ аз Бухоро чу паррон тазарв Ба як ҳафта омад сӯи шаҳри Марв.