1006. ФИРИСТОДАНИ МОҲУИ СУРӢ ОСИЁБОНРО БА КУШТАНИ ЯЗДГИРД ВА ПАНДИ МӮБАДОН ДАР БОРАИ БОЗДОШТАНИ Ӯ АЗ КУШТАНАШ
Чу Моҳуй дилро баровард гирд,
Бидонист, к-ӯ нест ҷуз Яздгирд.
Бад-ӯ гуфт: «Биштоб аз ин анҷуман,
Ҳам акнун ҷудо кун сарашро зи тан.
В-агарна ҳам акнун бибуррам сарат,
Намонам касе зинда аз гавҳарат!»
Шуниданд аз ӯ ин сухан меҳтарон,
Бузургони бедору кундоварон.
Ҳама анҷуман гашт аз ӯ пур зи хашм,
Забон пур зи гуфтору пур-об чашм.
Яке мӯбаде буд, Зоруй ном,
Ба ҷон аз хирад барниҳода лагом.
Ба Моҳуй гуфт: «Эй бадандеш мард!
Чаро дев чашми туро хира кард?!
Чунон дон, ки шоҳиву пайғамбарӣ
Ду гавҳар бувад дар як ангуштарӣ.
Аз ин ду якеро ҳаме бишканӣ,
Равону хирадро ба пай афканӣ.
Нигар, то чӣ хоҳӣ, бипарҳез аз ин,
Машав бадгумон бо ҷаҳонофарин.
Нахустин аз ин бар ту ояд газанд,
Ба фарзанд монӣ яке киштманд.
Ки бораш кабаст ояду барг хун,
Ба зудӣ сари хеш бинӣ нагун.
Бараҳна шавад дар ҷаҳон зишти ту,
Писар бидравад, бегумон, кишти ту.
Ҳамон дини Яздон шавад з-ӯ табоҳ,
Ҳамон бар ту нафрин кунад тоҷу гоҳ».
Яке динвар буд яздонпараст,
Ки ҳаргиз набурдӣ ба бедод даст,
Ки Ҳурмузди Харрод буд номи ӯ,
Ба дин - андарун буд ороми ӯ.
Ба Моҳуй гуфт: «Эй ситамгора мард,
Чунин аз дари пок Яздон магард.
Ҳама тира бинам дилу ҳуши ту,
Ҳама хор бинам ба оғӯши ту.
Тануманд, бемағзиву чоннизор,
Ҳаме дуд аз оташ кунӣ хостор.