Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

1007. КУШТА ШУДАНИ ЯЗДГИРД БА ДАСТИ ХУСРАВИ ОСИЁБОН

Чу бишнид Моҳуи бедодгар, Суханҳо куҷо гуфт бо ӯ писар. Чунин гуфт бо осиёбон, ки «хез, Саворон бубар, хуни душман бирез». Чу бишнид аз ӯ осиёбон сухун, На сар дид аз он кор пайдо, на бун. Шабонгоҳ пирони хурдодмоҳ Сӯи осиё рафт наздики шоҳ. Зи даргоҳи Моҳуй чун шуд бурун, Ду дида пур аз обу дил пур зи хун. Саворон фиристод Моҳуй зуд Паси осиёбон ба кирдори дуд. Бифармуд, к-он тоҷу он гӯшвор, Ҳамон мӯҳру он ҷомаи шоҳвор Набояд, ки яксар пур аз хун кунанд, Зи тан ҷомаи шоҳ берун кунанд. Бишуд осиёбон ду дида пуроб, Ба зардӣ ду рухсора чун офтоб. Ҳаме гуфт, к-«эй равшани кирдгор, Туӣ бартар аз гардиши рӯзгор. Бад-ин нописандида фармони ӯй, Ҳам акнун бупечон дилу ҷони ӯй. Бари шоҳ шуд дил пур аз шарму бок, Рухонаш пуробу даҳонаш чу хок. Ба наздик танг андаромад ба ҳуш, Чунин чун касе роз гӯяд ба гӯш. Яке дашна зад бар тиҳигоҳи шоҳ, Раҳо шуд ба захм - андар аз шоҳ оҳ! Ба хок андаромад сару афсараш, Ҳамон нони кашкин ба пеш- андараш. Агар роҳ ёбад касе з-ин ҷаҳон Бибошад, надорад хирад дар ниҳон. Зи парварда сер омад ин ҳафтгирд, Шавад бегунаҳ кушта чун Яздгирд. Бар ин гуна-бар точдоре намурд, Ҳам аз лашкари ӯ саворе намурд. Хирад нест бо гирдгардон сипеҳр, На пайдо бувад ранҷу хашмаш зи меҳр.