Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

1008. БА ТАХТ НИШАСТАНИ МОҲУИ СУРӢ

Кас омад, ба Моҳуи Сурӣ бигуфт, Ки шоҳи ҷаҳон ёфт дахма нуҳуфт. Сакубову Қиссису руҳбони Рум Ҳама сӯгворони он марзу бум. Бирафтанд бо мӯя барнову пир, Тани шоҳ бурданд аз он обгир. Яке дахма карданд ӯро ба боғ, Бузургу баландиш бартар зи роғ. Чунин гуфт Моҳуи бадбахти шум, Ки «Эрон набуд пеш аз ин хеши Рум. Фиристод, то ҳар кӣ он дахма кард, Ҳамон кас, к-аз он кор тимор х(в)ард». Бикуштанду тороҷ карданд марз, Чунин буд Моҳуйро кому арз. Аз он пас ба гирди ҷаҳон бингарид, Зи тухми бузургон касеро надид. Яке тоҷ бо ӯ буду мӯҳри шоҳ, Шубонзодаро орзу кард гоҳ. Ҳама роздорон-шро пеш хонд, Сухан ҳар чӣ будаш, фаровон биронд. Ба дастур гуфт: «Эй ҷаҳондида мард, Фароз омад он рӯзи нангу набард. На ганҷ аст бо ман, на ному нажод, Магар дод хоҳам сари худ ба бод. Бар ангуштарӣ Яздгирд аст ном, Ба шамшер бо ман накарданд ром. Ҳама шаҳри Эрон варо банда буд, Агар хеш буд, ар пароканда буд. Нахонад маро марди донанда шоҳ, На бар меҳрам ором гирад сипоҳ. Ҷуз ин буд чора маро дар ҷаҳон, Чаро рехтам хуни шоҳи меҳон. Ҳама шаб зи андеша пурхун будам, Ҷаҳондор донад, ки ман чун будам». Бад-ӯ ройзан гуфт: «Акнун гузашт, Аз ин кор гетӣ пуровоза гашт. Кунун боз ҷӯӣ ҳаме кори хеш, Ки бугсистӣ ин риштаи тори хеш».