Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

1009. ЛАШКАР КАШИДАНИ БЕЖАН БА ҶАНГИ МОҲУИ СУРӢ

Чунон то ба Бежан расид огаҳӣ, Ки Моҳуй бигрифт шоҳаншаҳӣ. Ба ҳар сӯ фиристод мӯҳру нигин, Ҳаме ром гардад бар ӯ-бар замин. Кунун сӯи Ҷайҳун ниҳоданд рӯй, Ба пархош бо лашкари ҷангҷӯй. Бипурсид Бежан, ки «тоҷаш кӣ дод?» Бар ӯ кард гӯянда он кор ёд Бад-ӯ гуфт Барсом, к-«эй шаҳрёр, Чу ман бурдам аз Чоҷ чандин савор, Аз эдар бишуд лашкаре сӯи ӯй Саворони гарданкашу номҷӯй. Туро, гуфт, ман тахти заррини ӯй, Ҳамон ёраи гавҳарогини ӯй, Ҳамон тоҷу ганҷаш фиристам ба Чоҷ, Туро бояд андар ҷаҳон тахти оҷ. Ба Марв -андарун разм кардам се рӯз, Чаҳорум чу бифрӯхт гетифурӯз Шудам тангдил, разм кардам дурушт, Ҷафопеша Моҳуй бинмуд пушт. Сипаҳдори Эрон чу танҳо бимонд, Ғамӣ гашту ёрони худро бихонд. Басе номдорони моро бикушт, Чу ёрон бирафтанд, бинмуд пушт. Чу Моҳуй ганҷи худованд хеш Биёвард беранҷу бинҳод пеш, Чу оганда шуд марди бадтан ба чиз, Маро худ ту гуфтӣ надидаст низ. Ба Марв- андарун буд лашкар ду моҳ, Ба хубӣ накард ӯ ба мо-бар нигоҳ. Бикушт ӯ худовандро дар ниҳон, Чунон подшоҳе - чароғи ҷаҳон. Саворе ки гуфтӣ, миёни сипоҳ Ҳаме баргузорад сар аз чархи моҳ. Зи туркон касе пеши гурзаш нарафт, Ҳаме з-ӯ дили номдорон бикафт. Чу оганда шуд, подшоӣ гирифт, Бад-ин гуна нопорсоӣ гирифт.